Март 07, 2017 10:11 Asia/Dushanbe
  • Филмҳои видеоии Ҳалимов дар феҳристи сиёҳи Вазорати додгустарии Русия

Вазорати додгустарии Русия интишори филмҳои видеоии Гулмурод Ҳалимов, сарҳанг (полковник)-и фирории тоҷикистониро дар ин кишвар ғайриқонунӣ ва қобили пайгарди қазоӣ эълом кардааст.

Ба гузориши сайти “Ахбор”, дар тозатарин феҳристи наворҳои видеоӣ, савтӣ ва таблиғотии мамнӯъ, ки аз сӯйи Вазорати додгустарии Русия мунташир шуда, унвони се филми видеоӣ аз Гулмурод Ҳалимов низ қарор гирифтааст.

Вазорати додгустарии Русия эълом кард, ки ин се филм дар шабакаҳои иҷтимоӣ дорои мазмунҳои даъват ба ифротгароӣ, тероризм ва ошӯбҳои умумӣ аст.

Сарҳанг Гулмурод Ҳалимови 41 сола, фармондеҳи пешини нерӯҳои вижа (ОМОН)-и Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, ки номи вай дар феҳристи таҳти таъқиби мақомоти қазоии ин ҷумҳурӣ қарор гирифтааст, ахирҳои  апрели соли 2015 нопадид шуд ва авохири моҳи майи он сол бо интишори як паёми видеоӣ дар шабакаи иҷтимоии Ютюб, аз пайвастани худ ба гурӯҳи террористии ДИИШ хабар дод.

Вазорати умури хориҷаи Амрико 30-юми августи соли 2016 барои касби итилоъ аз сарнавишт ва макони ҳузури сарҳанг (полковник) Гулмурод Ҳалимов, ҷоизаи 3 миллион долларӣ таъйин ва ӯро ба далели фаро гирифтани давраҳои омӯзишӣ дар яке аз пойгоҳҳои низомӣ дар дохили Иёлоти муттаҳида фарде бисёри хатарнок муаррифӣ кард.

Бар асоси гузориши манобеи амниятии Тоҷикистон, Ҳумайро Мирова, ҳамсари Ҳалимов авоили соли гузашта чаҳор фарзанди худро аз Тоҷикистон ба назди ҳамсараш дар Сурия интиқол додааст.

Ҳамакнун бархе расонаҳои хабарии минтақа аз ҳузури Гулмурод Ҳалимов дар даргириҳои шаҳри Мусили Ироқ хабар додаву таъкид кардаанд, ки вай фармондеҳии воҳидҳои вижаи гурӯҳи террористии ДИИШ дар ин шаҳрро бар ӯҳда дорад.

 

Барчасп