Март 11, 2017 10:13 Asia/Dushanbe
  • Мушорикати Эрон дар тарҳҳои ҷадиди  Тоҷикистон

Як ширкати эронӣ ба зудӣ бозсозии марҳалаи нахусти маркази тасфияи оби шаҳри Душанберо оғоз мекунад.

Ҳуҷҷатуллоҳи Фағонӣ, сафири Эрон дар Душанбе дар гуфтугӯи ихтисосӣ бо хабаргузории Азия-Плюс бо ишора ба ҳузури фаъоли ширкатҳои эронӣ дар тарҳҳои муҳими имронӣ дар Тоҷикистон гуфт: Ширкати эронии Шимбора дар рӯзҳои наздик кори бозсозии марҳалаи нахусти маркази тасфияи оби шаҳри Душанберо оғоз мекунад.

Ҳуҷҷатуллоҳи Фағонӣ ҳамчунин ҳузури фаъоли ширкатҳои эронӣ дар сохти садди нерӯгоҳи барқӣ-обии Роғунро аз барномаҳои муштараки ду кишвар барои тавсеаи равобити дуҷониба баршумурду афзуд: Теҳрон ҳамчунин омодагии худро барои эътои тасҳилоти гумрукӣ ба манзури кумак ба содироти аломиниюм ва пахтаи Тоҷикистон аз тариқи роҳи оҳани Эрон эълом кардааст .

Сафири Эрон дар Тоҷикистон дурнамои густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷории Теҳрон ва Душанберо мусбат арзёбӣ ва таъкид кард, ки бар асоси тавофуқоти ёздаҳумин Комиссияи муштараки ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷории Эрону Тоҷикистон барномаҳои мушаххасе дар ин замина тадорук шудааст .

Фағонӣ сипас бо ишора ба таваққуфи фаъолиятҳои дафтари Кумитаи имдоди имом Хумайнӣ (р) дар Тоҷикистон афзуд: Фаъолияти ин ниҳоди хайрия, ки ба далоиле қаблан мутаваққиф шудааст, метавонад дубора аз сар гирифта шавад .

Вай тақвияти равобити бонкии Эрону Тоҷикистонро аз дигар заминаҳои ҳамкории байни ду кишвар донист .

Фағонӣ афзуд: Дар ду соли ахир ҳамкориҳои синамоӣ, фарҳангӣ ва ҳунарии Эрону Тоҷикистон ба унвони ду кишвари форсизабон низ тақвият шудааст .

 

Барчасп