Дидори вазири тиҷорати Тоҷикистон бо намояндаи Муассисаи ҷаҳонии “IFC”
Вазири рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон бо намояндаи Муассисаи молии байналмилалии “IFC” дар Душанбе, аҳдоф ва аввлавиятҳои роҳбурди миллии тавсеаи ин кишвар, то соли 2030 ва барномаи миёнмуддати Тоҷикистон то соли 2020-ро баррасӣ карданд.
Ба гузориши хабаргузории Ховар, Неъматулло Ҳикматуллозода ва Аймилиос Чатзиниколаоус дар ин дидор ҳамчунин дар бораи мавзуоте ҳамчун худкифоии Тоҷикистон дар тавлиди энержӣ, густариши масирҳои транзитӣ ва таъмини амнияти ғизоии ин кишвар, баҳсу табодули назар карданд.
Инчунин мусоҳибон масъалаҳои марбут ба рушди бахши хусусӣ, ҷалби сармоягузорӣ, таъмини ҷойҳои нави корӣ, дастгирии истеҳсолкунандагони ватаниро матраҳ намуда, ҳавасмандии худро ҷиҳати густариши минбаъдаи ҳамкории дуҷониба дар бахшҳои афзалиятдошта баён доштанд.