Март 14, 2017 14:08 Asia/Dushanbe
  • Ривоҷи дубораи кулоҳи тоҷикӣ (тоқӣ) дар Тоҷикистон

Бозори хариду фурӯш ва истифода аз кулоҳи тоҷикӣ (тоқӣ) ин рӯзҳо дар шаҳрҳои Тоҷикистон ривоҷе дубора касб кардааст.

Ба гузориши “Спутник”, ин рӯзҳо дар бештари мағозаҳо кулоҳи тоҷикӣ ба фурӯш мерасад ва барои ҳар як аз аъзои хонавода метавон аз ин кулоҳҳо харид.

Гардишгарон низ дар бозгашт аз Тоҷикистон кулоҳи тоҷикиро ба унвони савғотӣ бо худ мебаранд.

Надежда Воситова, намояндаи Музеи фарҳангшиносии Академияи улуми Тоҷикистон гуфт, мардуми Тоҷикистон имрӯзҳо кулоҳи тоҷикиро барои занон, мардон ва ҷавонони навхонадор ва ҳатто навзодон таҳияву истифода мекунанд.

Намояндаи Музеи фарҳангшиносии Академияи улуми Тоҷикистон кулоҳи тоҷикиро бозгӯкунандаи торихи ғании тоҷикон донисту афзуд, занони тоҷикистонӣ аз қадим кулоҳи тоҷикиро ба унвони намоди баҳору шукуфоӣ бар сар мегузоштаанд.