Март 15, 2017 13:37 Asia/Dushanbe
  • Субҳиддин Шамсиддинзода, мудири телевизиони \
    Субҳиддин Шамсиддинзода, мудири телевизиони \"Тоҷикистон\" таъйин шуд

Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи имрӯз раҳбарони бархе вазоратхонаҳо ва кумитаҳои давлатиро иваз кард.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон дар ҳайъати раҳбарӣ ва фармондеҳии Вазорати дифоъ, Горди миллӣ, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо фасод, шаҳрдории Душанбе, Вазорати маориф ва илм, Вазорати фарҳанг, Фарҳангистони улум, Кумитаи телевизион ва радио тағийроти кадрӣ анҷом дод.
Бино бар иттилои Дастгоҳи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, бар асоси қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Музаффар Давлатзода, муовини вазири фарҳанг, Носир Саидов, мудири телевизиони давлатии "Сафина", Садриддин Шамсуддинзода, мудири телевизиони давлатии "Ҷаҳоннамо" ва Субҳиддин Шамсиддинзода, мудири телевизиони "Тоҷикистон" таъйин шуданд.

Ҳамчунин тағйироте дар сохторҳои маорифи вилояти Хатлон, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи он-Сино, Исмоили Сомонӣ, Фирдавсӣ, Шоҳмансур, комиссариатҳои низомии вилояти Бадахшон, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, бархе аз ягонҳои Нерӯҳои мусаллаҳ низ сурат гирифтааст.

Бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба таҷдиди сохтор Сахидод Раҳматуллозода -Директори Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ, Ёрмуҳаммад Ниёзӣ - Директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи Илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қудрат Давлатзода ба вазифаи Ректори Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон, Шарифзода Мумин Машокир - Ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, Ҳамидуллохон Фақеров - Ректори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, Ҷамшед Ҷӯрабоев Ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Ғафуров, Хайриддин Идиев - Ректори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода таъйин гардида, Диловар Латифзода аз вазифаи Ректори Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Турсунзода бо сабаби ба нафақа баромаданаш озод карда шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кадрҳои ба вазифаҳои пурмасъул кишвар таъйиншударо ба хизмати софдилона ва садоқат ба давлату миллат даъват намуда, таъкид дошт, дар иҷрои вазифаҳои ба зиммадошта бо ҳисси баланди масъулият муносибат намоянд.

 

Барчасп