Август 06, 2016 19:42 Asia/Dushanbe
  • Эъзоми коргарони тоҷик ба Русия барои дӯшидани шири гов

Дар иҷрои тавофуқи Вазорати муҳоҷират, кор ва умури иҷтимоии Тоҷикистон ва як ширкати русӣ, гурӯҳе аз занони тоҷик барои дӯшидани шири говҳо ба Русия фиристода шуданд.

Ба гузориши ИРНА, намояндагии Вазорати муҳоҷират ва кори Тоҷикистон дар минтақаи Кулоб барои аввалин бор як гурӯҳ аз занонро барои дӯшидани шири гов аз ин минтақа ба шаҳри Ростов лаби Дони Русия фиристодааст.

Ғазалшоҳ Мазориев, як масъули Хадамоти меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар минтақаи Кӯлоб, гуфт, ки аз байни 40 зани мутақозии кор ва муҳоҷират, 10 нафар интихоб ва ба унвони коргари говдӯшӣ ба Русия эъзом шуданд.

Вай гуфт, дар тавофуқ бо ин ширкати русӣ қарор аст, як гурӯҳи дигар аз занони тоҷик ба ин кишвар фиристода шаванд.

Мазориев ҳуқуқи моҳонаи ҳар зани говдӯшро 30 ҳазор рубли русӣ унвон кард.

Ҳар сол беш аз як миллион нафар аз Тоҷикистон барои коргар озими Русия мешаванд, ки даромади анҳо дар идораи иқтисоди Тоҷикистон нақши муассир дорад.

 

Барчасп