Март 15, 2017 16:40 Asia/Dushanbe
  • Боздошти ҷангҷуи тоҷики ДИИШ дар Маскав

Нерӯҳои амниятӣ мегӯянд, ки шаҳрванди Тоҷикистон аз Туркия омада буд, то 8-уми март дар Маскав амалиёти интиҳорӣ анҷом диҳад.

Ба иттилои сайти Ахбор, нерӯҳои амниятии Русия як шаҳрванди Тоҷикистонро ба иттиҳоми терроризм боздошт кардаанд.

Бино бар ин гузориш, ин шаҳрванди 23-солаи Тоҷикистон, ки номашро Иззатилло М. гуфтаанд, авоили моҳи март аз Истонбул ба Маскав омадааст. Ӯро дар яке аз фурудгоҳҳои ин шаҳр барои бозрасӣ нигаҳ доштаанд ва чун машкук буда, хостаанд ба Тоҷикистон ихроҷ кунанд. Вале Иззатилло дар вокуниш ба ин хабар аз тарс даст ба худкушӣ зада, аммо нерӯҳои амниятӣ аз он пешгирӣ кардаанд.

Дар паи бозҷӯӣ ошкор шуда ки Иззатилло аз ҷангҷӯёни ДИИШ, ки фаъолияташ дар Русия мамнуъ эълом шудааст, буда ва фиристода шуда, ки 8 март дар Маскав амалиёти интиҳорӣ анҷом диҳад.

Нерӯҳои амниятӣ ин қазияро бозҷӯӣ доранд, то террористҳоеро, ки бояд Иззатиллоро бо маводи мунфаҷир мусаллаҳ мекарданд, пайдо ва дастгир кунанд.

Гуфта мешавад, ки Иззатилло ба нерӯҳои амниятии Тоҷикистон вогузор шудааст.

 

 

 

 

Барчасп