Март 16, 2017 20:30 Asia/Dushanbe
  • Шукурҷон Зуҳуров хостори решакан кардани фасод дар вазорати тандурустӣ шуд
    Шукурҷон Зуҳуров хостори решакан кардани фасод дар вазорати тандурустӣ шуд

Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон аз вазири тандурустии ин кишвар хост то қотеона алайҳи густариши фасод дар бахши беҳдошт мубориза кунад.

Шукурҷон Зуҳуров рӯзи 15-уми март дар ҷараёни баррасии Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар порлумон аз Олимзода Насим Хоҷа –вазири тандурустӣ хост, ки фасодро дар ин вазорат решакан кунад то ин зуҳуроти номатлуб дар сохторҳои зертобеи ин вазорат низ камтар шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон муътақид аст, ки агар коррупсия дар сатҳи болоии ин вазорат вуҷуд надошта бошад, ин падида ба сохторҳои зертобеи он ба хусус бемористонҳо камтар сироят хоҳад кард.

Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо ишора ба собиқаи хуби кории Олимзода Насим, вазири кунунии тандурустии Тоҷикистон изҳори итминон кардааст, ки маҳз вай қодир аст ин падидаи зишти иҷтимоиро дар сохторҳои ин вазорат решакан намояд.

Дар ҳамин ҳол, бархе коршиносон бо таваҷуҳ ба ин нукта, ки фасод дар ҷомеаи Тоҷикистон ба як одати маъмулӣ табдил шудааст, мубориза бо онро низ мушкил арзёбӣ мекунанд.

Гуфтанист, бар асоси омори Ожонси зидди фасоди Тоҷикистон бештари мавориди корупсионӣ дар ниҳодҳои бонкӣ ва вазоратхонаҳои маориф ва тандурустии ин кишвар сабт шудаанд. Аз ҷумла, бар асоси омори Ожонси фасод 53 мавриди амали  корупсионӣ дар Вазорати маориф ва илм, 45 мавриди даст задан ба фасоди молӣ дар Вазорати тандурустӣ дар соли 2015-и мелодӣ ба қайд гирифта шудааст.

 

 

Барчасп