Иқтисоди Тоҷикистон бояд аз вобастагӣ ба даромади муҳоҷирон раҳоӣ ёбад
Намояндаи Бонки рушди Осиё дар Тоҷикистон, ки давраи маъмурияти 4 солааш дар ин кишвар ба поён расидааст, дар нишасти хабарии худоҳофизӣ бо хабарнигорони дохилӣ ва хориҷӣ дар Душанбе дидгоҳи худро дар бораи ояндаи иқтисоди ин ҷумҳурӣ баён кард.
Ба иттилои сайти Ка-Ниюз, Си Си Ю таъкид кард, Тоҷикистон набояд ба умеди беҳбуди авзои иқтисодии Русия ва афзоиши даромади ирсолии коргарони муҳоҷираш аз ин кишвар бошад .
Вай гуфт, Тоҷикистон ниёзи шадиде ба ислоҳоти бунёдини иқтисодӣ дорад, то барои ҷазби сармояи бахши хусусӣ ва иштиғолзоӣ барномарезӣ кунад. Аз дидгоҳи вай, дар ҳоли ҳозир заминаи тавсеаи иқтисодии Тоҷикистон бар ин ду меҳвар ба далели мавонеи мухталифи идорӣ фароҳам нест ва бахши хусусӣ аз сангин будани мизони андоз ва зиёд будани теъдоди созмонҳои таҳқиқ ва тафтиш бо мушкилоти адидае рӯ ба руст. Аз ин рӯ, дар Тоҷикистон барои таҳаққуқи барномаи роҳбурдии тавсеаи миллии ин кишвар то соли 2030 бояд ислоҳоти иқтисодии густардае анҷом шавад, ки дидгоҳи масъулинро аз умедворӣ ба афзоиши даромади ирсолии коргарони муҳоҷири ин кишвар аз Русия ба сӯи беҳбуди шароити ҷазби сармояи хориҷӣ ва истифодаи тавони бахши хусусӣ ва иштиғолзоӣ тағйир диҳад .
Ин дар ҳолест, ки мизони даромади ирсолии коргарони муҳоҷири тоҷикистонӣ аз Русия таи ду соли ахир ба шиддат коҳиш ёфтааст .
Коргарони муҳоҷири тоҷик дар соли 2014 аз Русия 4 миллиарду 200 миллион доллар ба кишварашон ирсол кардаанд, ки ин шохис дар соли 2016 ба 1 миллиарду 900 миллион доллар расидааст .