Июл 15, 2016 20:15 Asia/Dushanbe
  • Озода Раҳмон раиси камиссиюни Маҷлиси миллии Тоҷикистон

Духтари раисҷумҳури Тоҷикистон ба симмати раиси Камиссиюни Маҷлиси миллии ин кишвар дар умури ҳуқуқӣ ва озодиҳои асосии шаҳрвандон мансуб шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикӣ, ба нақл аз хабаргузории "Форс", Озода Раҳмон, духтари Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз (ҷумъа) дар ҷаласаи Маҷлиси миллии ин кишвар ба симмати раиси Камиссиюни Маҷлиси миллӣ дар умури тазмини ҳуқуқ ва озодиҳои асосии шаҳрвандон мансуб шуд.

Бар асоси ин гузориш, дар ин ҷаласа Муҳаммадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон номзадии Озода Раҳмонро ба ин симмат пешниҳод кард ва пас аз раъйгирӣ, вай ба симмати раиси Камиссиюни Маҷлиси миллӣ дар умури ҳимоят аз ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандони ин кишвар интихоб шуд.

Озода Раҳмон қаблан дар симмати муовини аввали вазири умури хориҷаи Тоҷикистон фаъолият мекард ва чанд моҳи қабл ба дастури Эмомалӣ Раҳмон ба унвони раиси дафтари ӯ мансуб шуд.

Вай ҳамчунин чанде қабл дар ҷаласаи муштараки намояндагони Маҷлиси шаҳри Душанбе ва навоҳии тобеи он, бо ба даст овардани аксарияти орои намояндагон ба узвияти Маҷлиси миллии Порлумони Тоҷикистон интихоб шуд.

Озода Раҳмон сеюми январи соли 1978 дар Тоҷикистон мутаваллид шуда ва дар гузашта низ ба унвони сафири томулихтиёри Тоҷикистон будааст.

Вай дар солҳои 2005 то 2007 ба унвони вобастаи фарҳанг ва маорифи Сафорати Тоҷикистон дар Амрико фаъолият карда ва соли 2007 то 2009 низ Раёсати консулии Вазорати хориҷаи Тоҷикистон дар шаҳри Душанберо ба ӯҳда дошт.

Озода Раҳмон дар соли 2009 то 2014 муовини вазири умури хориҷа ва аз 15 майи соли 2004 муовини аввали вазири умури хориҷаи Тоҷикистон буд.