Тоҷикистону Амрико размоиши муштарак баргузор мекунанд
Март 21, 2017 21:26 Asia/Dushanbe
Сафорати Амрико дар Душанбе аз баргузории размоиши муштарак байни ин кишвар ва Тоҷикистон хабар дод.
Нерӯҳои амниятии Тоҷикистону Амрико аз 27 март то 7 апрели соли ҷорӣ размоиши низомӣ баргузор мекунанд.
Бино ба итилои дафтари матбуотии Сафорати Амрико дар Душанбе, ин размоиш бо ибтикори фармондеҳии марказии Амрико дар ҳамоҳангӣ бо Ожонси амнияти миллии ин кишвар ва давлати Тоҷикистон созмондиҳӣ шуда, ки дар он ҳудуди 150 низомии амрикоӣ ва 100 низомии Тоҷикистон ширкат мекунанд.
Бар асоси ин гузориш, ин размоиш барои омодагии муқобила бо ҳар гуна иқдоми террористӣ ва мубориза бо гурӯҳҳои и ифротии байналмилалӣ дар назар гирифта шудааст.