Тоҷикистону Амрико размоиши муштарак баргузор мекунанд
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i14830-Тоҷикистону_Амрико_размоиши_муштарак_баргузор_мекунанд
Сафорати Амрико дар Душанбе аз баргузории размоиши муштарак байни ин кишвар ва Тоҷикистон хабар дод.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Март 21, 2017 17:56 Asia/Dushanbe
  • Тоҷикистону Амрико аз 27 март то 7 апрели соли ҷорӣ размоиши низомӣ баргузор мекунанд.
    Тоҷикистону Амрико аз 27 март то 7 апрели соли ҷорӣ размоиши низомӣ баргузор мекунанд.

Сафорати Амрико дар Душанбе аз баргузории размоиши муштарак байни ин кишвар ва Тоҷикистон хабар дод.

Нерӯҳои амниятии Тоҷикистону Амрико аз 27 март то 7 апрели соли ҷорӣ размоиши низомӣ баргузор мекунанд.

 Бино ба итилои дафтари матбуотии Сафорати Амрико дар Душанбе, ин размоиш бо ибтикори фармондеҳии марказии Амрико дар ҳамоҳангӣ бо Ожонси амнияти миллии ин кишвар ва давлати Тоҷикистон созмондиҳӣ шуда, ки дар он ҳудуди 150 низомии амрикоӣ ва 100 низомии Тоҷикистон ширкат мекунанд.

Бар асоси ин гузориш, ин размоиш барои омодагии муқобила бо ҳар гуна иқдоми террористӣ ва мубориза бо гурӯҳҳои и ифротии байналмилалӣ дар назар гирифта шудааст.