Аҳамияти размоиши низомии муштараки Тоҷикистону Русия барои ин ду кишвар
(last modified Tue, 28 Mar 2017 04:54:51 GMT )
Март 28, 2017 09:54 Asia/Dushanbe
  • Аҳамияти размоиши низомии муштараки Тоҷикистону Русия барои ин ду кишвар

Коршиноси мустақили масоили низомии Тоҷикистон муътақид аст, ки баргузории размоиши низомии муштараки ин кишвар ва Русия барои тақвияти тавони дифоии низомиёни русу тоҷик бисёр муҳим аст.

Ба гузориши хабаргузории “Спутник”, Ҷамшед Муҳаммадҷонов бо ишора ба размоиши низомии муштараки Тоҷикистону Русия дар вилояти Хатлони Тоҷикистон, дар наздикии марзи муштараки ин кишвар бо Афғонистон ин иқдомро барои ҳамоҳангӣ миёни низомиёни ин ду кишвар ба манзури мубориза бо таҳаррукоти эҳтимолии гурӯҳҳои террористӣ муҳим арзёбӣ кард. Ӯ муътақид аст, ки манотиқи таҳти пӯшиши ин размоиш кӯҳистонӣ буда, ба шароити ҷангӣ дар марзи муштараки Тоҷикистону Афғонистон наздик аст, ки ин мавзӯъ заминаи ҳамоҳангии бештар миёни низомиёни артишҳои Русия ва Тоҷикистонро барои муқобила бо ҳар навъ иқдомоти таҳрикомези гурӯҳҳои террористии мустақар дар шимоли Афғонистон фароҳам месозад.

Ба гуфтаи фармондеҳони Ҳавзаи марказии низомии Русия, ки пойгоҳи 201-и артиши ин кишвар, мустақар дар Тоҷикистон тобеи ин марказ мебошад, барои ширкат дар ин размоиш типпи вижаи сулҳбонӣ аз вилояти Самараи Русия ба Тоҷикистон мунтақил шуда, ҷангандаҳои СУ-25, мустақар дар пойгоҳи ҳавоии Канти Қирғизистон низ дар пойгоҳи ҳавоии “Айнӣ”, дар 25- километрии ғарби Душанбе фуруд омадаанд.

Вазорати дифои Тоҷикистон теъдоди низомиёни ин кишварро, ки дар ин размоиш ширкат мекунанд, беш аз 40 ҳазор нафар бо ҳисоби афсарони захираи Тоҷикистон эълом кардааст.

Фармондеҳони Ҳавзаи марказии низомии Русия мегӯянд, ки дар ин размоиш илова бар нерӯи ҳавоӣ, тӯпхона, воҳидҳои зиреҳӣ ва паҳподҳо наздик ба 2 ҳазор нафар аз низомиёни руси мустақар дар пойгоҳи 201-и артиши ин кишвар дар Тоҷикистон ширкат мекунанд.