Даҳумин соли иҷроӣ шудани Қонуни танзими ҷашну маросимҳо дар Тоҷикистон
(last modified Wed, 29 Mar 2017 04:17:56 GMT )
Март 29, 2017 09:17 Asia/Dushanbe
  • Даҳумин соли иҷроӣ шудани Қонуни танзими ҷашну маросимҳо дар Тоҷикистон

Дар Тоҷикистон 10 сол аст, ки ба Қонуни танзими ҷашну маросимҳо бо ҳадафи ҷилавгирӣ аз исрофу рехтупоши манобеи молии хонаводаҳои ин кишвар амал мешавад. Аммо дар мавриди натоиҷи ин барномаи давлатӣ, дидгоҳҳои мутафовите вуҷуд дорад.

Ба иттилои сайти theopenasia.net, бар асоси ин Қонун тамоми ҷашну маросимҳои роиҷ дар Тоҷикистон аз ҷумла арусӣ, дафну кафан, солгарди иртиҳоли афрод ва амсоли он бо муҷаввизи идороти маҳаллӣ дар шаҳрҳо ва навоҳии ин кишвар бо даъвати теъдоди мушаххаси меҳмон ва пухти ғизои мухтасаре, таҳти назорати кормандони Кумитаи давлатии умури дин ва танзими ҷашну маросимҳои ин кишвар баргузор мешавад ва тахаллуфу нақзи ин қонун ҷаримаҳои молӣ дар пай дорад .

Кумитаи давлатии умури дин ва танзими ҷашну маросимҳои Тоҷикистон эълом кардааст, ки дар соли гузашта ба далели тахаллуфи шаҳрвандони ин кишвар аз қонуни ёдшуда, 784 маврид парвандаи ҷиноӣ ташкил ва аз ҳисоби ҷаримаи молии афроди мутахаллиф маблағи 2 миллиону 400 ҳазор сомонӣ ба буҷети давлат ворез шудааст .

Аз дидгоҳи кормандони ин ниҳод, Қонуни танзими ҷашну маросимҳои Тоҷикистон заминаи ҷилавгирӣ аз исрофу рехтупоши манобеи молии хонаводаҳои ин кишварро фароҳам сохтааст, ки бо амал ба он метавон ин манобеъро барои беҳбуди вазъи зиндагии афрод мавриди истифода қарор дод .

Аммо коршиносон бо тайиди асароти мусбати ин қонун барои ҷилавгирӣ аз ҳадар рафтани манобеи молии хонаводаҳо мегӯянд, ки афроди сарватманд барои худнамоӣ бидуни эътино ба ин қонун даст ба тахаллуф мезананду бо пардохти ришва ё ҷаримаи андаки молӣ аз зери бори масъулият фирор мекунанд. Чунончи бар асоси ин қонун, дар маросим арусӣ набояд беш аз 4 мошин мавриди истифода қарор гирад, аммо хонаводаҳои сарватманд корвонҳое шомили 100 мошинро ба роҳ меандозанд ва бо пардохти ҷаримаи ночизи молӣ нишон медиҳанд, ки ин қонун барои онон ҳеч таъсире надорад .

Ин дар ҳолест, ки хонаводаҳои ниёзманд барои пухти ғизои изофӣ, ба пардохти ҷаримаҳои сангини молӣ маҳкум мешаванд ва ин мавзуъ, баёнгари яксон набудани посухгуии ақшори мухталифи ҷомеа дар баробари Қонуни танзими ҷашну маросимҳо дар Тоҷикистон аст .