Мақоми низомии тоҷик: Ҷангҳои ҷадид бидуни нерӯи ҳавоӣ имконпазир нест
Муовини фармондеҳи нерӯҳои вижаи артиши Тоҷикистон муътақид аст, ки дар ҷангҳои ҷадид бидуни нерӯи ҳавоӣ пирӯзӣ бар душмани эҳтимолӣ номумкин аст.
Ба иттилои Спутник, Ҷаҳонгир Назарализода дар поёни размоиши муштараки низомии Русия ва Тоҷикистон гуфтааст, ки тамомии аҳдофи аз пеш таъиншуда дар ин тамринҳо бароварда шудааст .
Ин мақоми низомии Тоҷикистон истифода аз ҷангандаҳои Суху-25 артиши Русияро яке аз дастовардҳои муҳими ин тамринҳои муштарак унвон карда ва афзудааст, бидуни кумаки нерӯи ҳавоӣ нобудии гурӯҳҳои террористии фарзӣ дар шароити кӯҳистонии Тоҷикистон имконпазир нест .
Назарализода бо ишора ба размоиши ахири муштараки Тоҷикистону Русия дар вилояти Хатлони Тоҷикистон дар наздикии марзи муштараки ин кишвар бо Афғонистон, ҳузури наздик ба 50 ҳазор нафар аз нерӯҳои низомии Русияву Тоҷикистонро дар ин тамринҳо аз нигоҳи теъдоди нерӯҳои ширкаткунанда ва таҷҳизоти низомӣ дар торихи размоишҳои муштараки ин ду кишвар бесобиқа хондааст.
Ба гуфтаи фармондеҳони ҳавзаи марказии низомии Русия, ки пойгоҳи 201 артиши ин кишвар мустақар дар Тоҷикистон тобеи ин марказ аст, дар ин размоиш илова бар нерӯи ҳавоӣ, тупхона ва воҳидҳои зиреҳӣ ва паҳподҳо, ҷангандаҳои Суху-25 мустақар дар пойгоҳи ҳавоии Кант дар Қирғизистон низ ширкат кардаанд.
Гуфта мешавад, ки ин ҷангандаҳо дар поёни размоиши ёдшуда ба пойгоҳи ҳавоии Канти Қирғизистон бозгаштаанд .