Дархости созмонҳои мудофеи ҳуқуқи башарӣ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ
(last modified Mon, 03 Apr 2017 04:52:04 GMT )
Апрел 03, 2017 09:52 Asia/Dushanbe
  • Дархости созмонҳои мудофеи ҳуқуқи башарӣ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ

​​​​​​​ 13созмони байналмилалии мудофеи ҳуқуқи башарӣ бо интишори баёнияи муштараке бо ибрози нигаронӣ аз саркуби мухолифони сиёсӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ поён додан ба чунин иқдомотеро хостор шудаанд.

Ба иттилои Toptj, ин созмонҳо дар нишасти муштараке дар Брюссел бо интишори баёнияе таъкид кардаанд, ки вазъи ҳуқуқи башар ва фаъолияти ҷавомеи шаҳрвандӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ вахимтар шудааст ва ҳар навъ иқдоме барои дифоъ аз ҳуқуқу озодиҳои сиёсӣ ва иҷтимоии шаҳрвандон ба шиддат мавриди саркуб қарор мегирад .

Дар ин баёния дар мавриди Тоҷикистон гуфта мешавад, ки мақомоти ин кишвар ба баҳонаи таъмини амнияти миллӣ, озодии баён ва ҳуқуқи шаҳрвандонро ба шиддат маҳдуд мекунанд, ки ин мавзуъ муҷиби танг шудани арсаи фаъолияти ҷавомеи шаҳрвандӣ мешавад .

Аз дидгоҳи созмонҳои байналмилалии мудофеи ҳуқуқи башарӣ бо бадтар шудани авзои иқтисодӣ, бо баргузории интихоботи ғайришаффоф, давлатҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ ба ҳар навъ интиқоде вокуниши шадиде нишон медиҳанд ва ба боздошту муҳокимаи додгоҳии мунтақидон иқдом мекунанд .

Дар ин кишварҳо бо боздошти вакилони мудофеи ҳуқуқӣ ва рӯзноманигорони мунтақид, ба ин афрод иттиҳомоти ифротгарӣ ва барангехтани адоват мезананд .

Дар ин баёния аз маҷомеи байналмилалӣ низ дархост шудааст, ки барои анҷоми ислоҳот дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ва беҳбуди авзои ҳуқуқи башар ва таъмини озодиҳои шаҳрвандӣ ба давлатҳои ин ҷумҳуриҳо кумак кунанд .