Оқибатҳои рушди ҷамъият дар Тоҷикистон
-
Соли 2020 теъдоди ҷамъияти ин ҷумҳурӣ ба беш аз 10 миллиону 600 ҳазор нафар хоҳад расид.
Тоҷикистон дар миёни кишварҳои узви Ҷомеаи ҳамсуд аз нигоҳи рушди ҷамъият дар мақоми нахуст қарор дорад ва дар мавриди дурнамои ин мавзӯъ ва паёмадҳои он, коршиносон дидгоҳҳои мутафовите ироа мекунанд.
Ба гузориши “Спутник”, ахиран давлати Ҷопон эълом кардааст, ки ба Тоҷикистон барои танзими ҷамъияти ин кишвар ва беҳбуди саломатии 700 ҳазор зан кӯмаки молии ҳангуфт ихтисос хоҳад дод ва дар ин замина таҷрибиёти хешро низ мунтақил хоҳад кард.
Бар асоси оморҳои расмӣ, дар Тоҷикистон тайи ҳар соат 24 тифл мутаваллид мешавад ва 4 нафар аз дунё мераванд.
Ба гуфтаи Хайринисо Юсуфӣ, муовини раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар соли 2020 бо ҳисоби рушди солонаи беш аз 2 дарсадии ҷамъияти ин кишвар, теъдоди ҷамъияти ин ҷумҳурӣ ба беш аз 10 миллиону 600 ҳазор нафар хоҳад расид. Аммо барои таъмини ниёзҳои ҷамъияти рӯ ба афзоиши Тоҷикистон, бояд солона дар ин кишвар 170 мадрасаи ҷадид, ҳар як барои 1000 донишомӯз, садҳо бемористон ва марокизи беҳдоштӣ ва дармонӣ, маҳди кӯдакҳо ва корхонаҳои санъатӣ сохта шавад. Ин дар ҳоле аст, ки мавзӯи наҳваи амнияти ғизоӣ, шуғл, маскан ва омӯзиши ҷамъияти ин кишвар низ ба унвони мушкилоти умда матраҳ аст.
Доктор Нуруддин Қаюмов, узви Фарҳангистони улуми Тоҷикистон муътақид аст, ки дар сурати истифодаи беҳина аз заминҳои кишоварзӣ, ин кишвар метавонад 25 то 30 миллион ҷамъиятро низ бо маводи ғизоии тавлиди дохилӣ таъмин кунад. Вале теъдоди дигаре аз коршиносон мегӯянд, ки бидуни афзоиши эъзоми коргарони дорои омӯзишҳои фаннӣ ва ҳирфаии Тоҷикистон ба хориҷ ва ба вижа Русия, давлати ин кишвар тавоноии корофаринӣ ва таъмини амнияти ғизоии ҷамъияти рӯ ба афзоиши хешро нахоҳад дошт.