Апрел 08, 2017 11:00 Asia/Dushanbe
  • Дар тӯли 24 соли гузашта байни Тоҷикистону Русия беш аз 150 тавофуқномаи ҳамкорӣ имзо шудааст.
    Дар тӯли 24 соли гузашта байни Тоҷикистону Русия беш аз 150 тавофуқномаи ҳамкорӣ имзо шудааст.

Раисони ҷумҳурии Русияву Тоҷикистон ба муносибати биступанҷумин соли барқарории равобити дипломатӣ байни ду кишвар ба якдигар паёмҳои табрикӣ ирсол карданд.

Ба гузориши дафтари матбуотии раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, дар паёми Владимир Путин ба Эмомалӣ Раҳмон таъкид шудааст, ки тӯли солҳои гузашта равобити Русияву Тоҷикистон муфид будаву бар асоси суннатҳои хубу дӯстӣ миёни мардуми ду кишвар пешрафт кардааст.

Раиси ҷумҳурии Русия дар паёми худ ба ҳамтои тоҷикаш афзудааст, ки дар тӯли 24 соли гузашта байни ду кишвар беш аз 150 тавофуқномаи дуҷонибаи ҳамкорӣ дар умури сиёсӣ, иқтисодӣ, низомӣ, илмӣ, фаннӣ, фарҳангӣ ва ҳавзаҳои дигар имзо шудаву ҳамчунин дар доираи ниҳодҳову созмонҳои минтақаӣ ва байналмилалӣ монанди иттиҳоди кишварҳои муштаракулманофеъ, Созмони паймони амнияти ҷамъӣ, Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони милали муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкорӣ ва дигар ниҳодҳо ҳамкории муассир эҷод шудааст.

Путин дар паёми худ таъкид кард: “Ман муътақидам, ки мо ҳамчунон ба тақвияти равобиту ҳамкории роҳбурдӣ байни Русия ва Тоҷикистон идома май диҳем ва дар мубориза бо терроризми байналмилалӣ, ифротгароӣ, ҷароими байналмилалӣ ва дигар чолишҳои амниятии минтақа ва тазмини сулҳу субот дар Осиёи Марказӣ бо ҳамоҳангӣ талош хоҳем кард”.

Эмомалӣ Раҳмон низ дар паёми худ ба Владимир Путин гуфтааст, ки дар тӯли чоряки қарн муносиботи Тоҷикистону Русия рушд кардаву эътимоди мутақобил миёни ду кишвар дар ҳамкориҳо меъёр шудааст.

Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дар паёми худ афзудааст, ки дар Тоҷикистон аз нақши бузургу торихии Русия дар раванди сулҳу оштии миллӣ ва ҳамчунин саҳми қобили тавваҷуҳи он ба тавсеаи иҷтимоиву иқтисодии ин кишвар қадрдонӣ мекунанд.

Эмомалӣ Раҳмон дар поён таъкид кардааст, ки равобит бо Русия ба унвони як авлавияти аслии сиёсати хориҷии Тоҷикистон аст ва бо пайравӣ аз усули ҳамкориҳои стратегӣ ба ояндаи муносиботи ду кишвар дар тамоми заминаҳо хушбин аст .