Баргузории ҷашни Наврӯз дар Сафорати ҷумҳурии Тоҷикистон дар Теҳрон
Дар бинои Сафорати ҷумҳурии Тоҷикистон дар Теҳрон ҷашни ҷаҳонии Наврӯз бо ширкати меҳмонон, тоҷикони муқими Эрон ва донишҷуёни тоҷик баргузор шуд.
Ба гузориши сайти Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон, Неъматуллоҳ Имомзода, сафири Тоҷикистон дар Эрон дар маросиме, ки рӯзи ҳафтуми апрел дар Сафорати ҷумҳурии Тоҷикистон дар Теҳрон баргузор шуд, иди ҷаҳонии Наврӯзро ба ҳозирин табрик гуфт ва дар бораи дастовардҳо ва пешрафтҳои Тоҷикистон дар бахшҳои мухталиф дар даврон истиқлоли ин кишвар суханронӣ кард.
Дар ин маросим барномаҳои фарҳангии донишҷӯён, аз ҷумла шеърхонӣ, иҷрои суруд ва намоиши наворҳои тасвирӣ дар бораи Наврӯз ва ойинҳои наврӯзи дар Тоҷикистон ироа шуд.
Ҳамчунин бахше аз бинои Сафорати Тоҷикистон дар Эрон ба сабки тоҷикӣ ороиши наврӯзӣ ёфта ва дар он намунаҳои либос, созҳои мусиқӣ, ҳунарҳои дастӣ ва китобҳое бо мавзӯоти таърих ва фарҳанги Тоҷикистон ба намоиш гузошта шуда буд.