Апрел 10, 2017 12:19 Asia/Dushanbe
  • Медали нуқраи паҳлавони тоҷик дар мусобиқаи байналмилалии ҷудо

Комроншоҳи Устопириён, паҳлавони шинохтаи тоҷик, ки ахиран барои рафтори носазо ду сол аз ҳаққи ширкат дар мусобиқаҳои дохилӣ маҳрум шуд, дар мусобиқаи байналмилалии ҷудо - “Grand-Prix Antalya 2017” мақоми дуввумро касб намуд.

Комроншоҳи Устопириён баъди шикасти ду рақибаш -- Батуҳан Ефемгили турк ва Ҳае Ҷо Ҷунги кореягӣ ба даври нимниҳоӣ роҳ ёфт.

Ба навиштаи сойти “Озодагон”, дар ин сабқат, ки аз 7 то 9 апрел дар шаҳри Анталияи Туркия баргузор шуд, Тоҷикистонро се паҳлавон -- Хаёмиддин Ҷабборов (вазни -73 кг), Комроншоҳи Устопириён (-90 кг) ва Саидҷалол Саидов (-100 кг) намояндагӣ карданд.

Хаёмиддин Ҷабборов дар дидори аввалаш Куштрим Гашӣ, паҳлавони косовагиро шикаст дод, аммо баъдан аз Тоҳар Бутбули турк ноком шуд. Саидҷалол Саидов аз даври аввали қувваозмоӣ озод буд, дар марҳилаи дувум аз паҳлавони рус Ниёз Илёсов шикаст хӯрд.

Комроншоҳ 23 март қабл аз эълони ғолиби мусобиқаи гуштӣ дар мусобиқаи "Ҷоми Пойтахт -2017”, ки дар “Наврўзгоҳ”-и шаҳри Душанбе баргузор шуд, бо ишораи даст дашном дод. Ин лаҳзаро дурбинҳо сабт карданд ва баъдан дар интернет паҳн шуд.