Апрел 11, 2017 17:07 Asia/Dushanbe
  • Азсаргирии парвозҳо миёни Узбакистону Тоҷикистон

Парвозҳои Узбакистону Тоҷикистон пас аз 25 соли вақфа аз сар гирифта шуданд.

Шикарти милии ҳавопаймоии Узбакистон аз имрӯз, сешанбе парвозҳои худро ба пойтахти Тоҷикистон оғоз кард. Ҳавопаймои ин шикрат имрӯз, соати 8:21 (ба вақти Душанбе) бо 25 мусофир дар фурудгоҳи Душанбе ба замин нишаст. Қарор аст, ин ширкат ҳафтае ду маротиба ба шаҳри Душанбе парвоз анҷом диҳад.

Моҳи ноябри соли 2016 дар Душанбе протокол дар мавриди азсаргирии парвозҳо миёни Душанбе ва Тошканд дар нимаи аввали соли 2017 байни Узбакистону Тоҷикистон ба имзо расид.