Апрел 12, 2017 09:30 Asia/Dushanbe
  • Дар соли 2016 беш аз 413 ҳазор гардишгари хориҷӣ аз Тоҷикистон дидан кардаанд.
    Дар соли 2016 беш аз 413 ҳазор гардишгари хориҷӣ аз Тоҷикистон дидан кардаанд.

Дар соли гузаштаи 2016 ҷойгоҳи Тоҷикистон дар рутбабандии ҷаҳонии гардишгарӣ беҳбуд ёфт ва ин кишвар дар рутбабандии ҷаҳонӣ 12 зина боло омад.

Ба гузориши “Спутник”, Маҷмаи ҷаҳонии иқтисод эълом кардааст, ки Тоҷикистон аз нигоҳи суръати рушди ҷазби гардишгарони хориҷӣ бо беш аз панҷ дарсад рушд дар соли 2016, ҷойгоҳи хешро аз рутбаи 119 дар соли 2015 ба 107 дар соли гузашта беҳбуд додааст.

Бар ин асос, дар соли 2016 беш аз 413 ҳазор гардишгари хориҷӣ аз Тоҷикистон дидан кардаанд, ки аз ин ҳисоб ба буҷаи давлат як миллион доллар даромад ворез шудааст.

Гузориши ҷадиди Маҷмаи ҷаҳонии иқтисод нишон медиҳад, ки аз нигоҳи таъмини амният ва беҳдошти гардишгарони хориҷӣ, Тоҷикистон дар соли 2016 нумраи беш аз панҷ дарсадиро касб карда ва ҷойгоҳи худро беҳбуд бахшидааст, аммо аз нигоҳи таъсисоти зербиноӣ ва омодагии марокизи фарҳангӣ ва бостонӣ, барои пазириши гардишгарони хориҷӣ дар ин кишвар ҳанӯз мушкилоти зиёде вуҷуд дорад.

 Қаблан мақомоти Кумитаи давлатии ҷавонон, варзиш ва гардишгарии Тоҷикистон эълом карда буданд, ки барномаи ҷазби як миллион гардишгар дар соли 2020-ро амалӣ хоҳанд кард.

 Ҳамасола теъдоди зиёде аз гардишгарони хориҷӣ, ба хусус аз Русия ва Аврупо аз ҷозибҳҳои гардишгарии табиии Тоҷикистон дидан мекунанд.

 

Барчасп