Ду роҳи поён додан ба афзоиши арзиши доллар дар Тоҷикистон
-
Масъуд Собиров: Ду роҳи хуруҷ аз буҳрони молии феълӣ вуҷуд дорад: тавлиду содирот ва эътимод ба бонкҳо.
Иқтисодшиноси тоҷик муътақид аст, ки дар ин кишвар танҳо 2 роҳи хуруҷ аз буҳрони афзоиши арзиши доллар ва ҷилавгирӣ аз коҳиши арзиши сомонӣ, воҳиди пули миллии Тоҷикистон вуҷуд дорад.
Ба гузориши “Спутник”, Масъуд Собиров бо ишора ба афзоиши ахири арзиши доллар дар Тоҷикистон, ки аз 9 сомонӣ фаротар рафта аст, надоштани заминаи пуштибонии Бонки миллӣ аз сомонӣ ва коҳиши даромади ирсолии коргарони муҳоҷирро омили аслии ин буҳрон унвон кардааст.
Вай гуфтааст, ки дар шароити феълӣ Бонки миллии Тоҷикистон барои ҷилавгирӣ аз коҳиши арзиши сомонӣ дар баробари доллар манобеи молии кофӣ дар ихтиёр надорад ва саҳми маҳсулоти содиротии ин кишвар ба хориҷ, ки метавонад заминаи вуруди арзро фароҳам созад, дар муқоиса бо воридот ночиз аст.
Аз дидгоҳи ин иқтисоддони тоҷик, захоири тиллои Бонки миллии Тоҷикистон низ барои тақвияти арзиши сомонӣ кофӣ нест ва дарёфти вомҳои молии хориҷӣ низ ба далели мизони болои қарзҳои хориҷии ин кишвар, кори сахте аст. Аз ин рӯ, танҳо ду роҳи хуруҷ аз буҳрони молии феълӣ вуҷуд дорад, ки нахуст афзоиши тавлиду содироти маҳсулоти дорои қудрати рақобатӣ дар бозорҳои минтақаӣ ва байналмилалӣ ва дувум, афзоиши эътимоди мардум ба бонкҳост.
Аммо дар ҳоли ҳозир иқтисоди Тоҷикистон тавон афзоиши тавлиди маҳсулоти содиротиро надорад ва мардум низ бонкҳоро омили нобасомонӣ дар бозори муомилоти арзии ин кишвар медонанд.
Дар Тоҷикистон дар авоили моҳи феврал як доллар дар баробари ҳафт сомониву 90 дирам то 7 сомониву 93 дирам хариду фурӯш мешуд, аммо акнун дар марокизи бонкиву молӣ ҳар доллар ба қимати 9 сомониву 40 то 42 дирам муомила мешавад, ки ин амр дар 15 соли ахир бесобиқа аст.