Июл 15, 2016 21:37 Asia/Dushanbe
  • Воридоти колоҳои эронӣ ба Тоҷикистон мамнуъ нашудааст

Раиси Оҷонсии "Тоҷикстандарт" сару садо дар мавриди мамнуияти воридоти колаҳои Эрон ба Тоҷикистонро бепоя хонд.

Ба гузориши радиои тоҷикӣ, Ибодуллоҳи Карим рӯзи 15 июл дар як нишасти матбуотӣ дар Душанбе бо эъломи ин матлаб афзуд, ки ниҳоди зертобеаш танҳо аз вуруди маҳсулоти ғайристандартӣ ба Тоҷикистон ҷилавгирӣ кардааст.

Ба гуфтаи оқои Ибодуллоҳи Карим, баъди нашри хабарҳо дар ин замина, вай бо сафири Ҷумҳурии исломии Эрон дар Тоҷикистон мулоқот карда, асли қазияро ба сафир тавзеҳ додааст.

Вай афзуд, ки барои воридоти маҳсулоти ҷавобгуӣ талабот ягон монеа вуҷуд надорад ва яке аз чунин шартҳо доштани барчасп бо забони тоҷикӣ дар маҳсулоти воридотӣ аст.

Раиси Оҷонсии "Тоҷикстандарт" барои тақвияти суханони хеш гуфт, ки барои мисол дар давоми шаш моҳи соли ҷорӣ аз Туркия 590 тон, аз Ҳинд 300 тон, аз Чин 269 тон, Русия 186 тон ва аз Эрон 664 тон маҳсулоти ғизоии ғайристандартӣ дар ин кишвар кашфу мусодира шудааст.

Дар ҳамин ҳол тибқи иттилоъи идораи Тоҷикстандарт танҳо дар шаш моҳи соли ҷорӣ дар Тоҷикистон наздики 5 ҳазор тонна маҳсулоти ғайристандартӣ ошкор шудааст, ки дар қиёсб ба соли гузашта 3 баробар зиёд мебошад.

Ин дар ҳелест, ки дар соли 2015 дар маҷмуъ ин ниҳод дар Тоҷикистон ҳамагӣ 1 ҳазору 800 тон маҳсулоти ғайристандартиро ошкор ва мусодира карда буд.

 

Барчасп