Ифтитоҳи нахустин фурӯшгоҳи ҳунарҳои мардумии Тоҷикистон дар Маскав
(last modified Thu, 13 Apr 2017 04:46:37 GMT )
Апрел 13, 2017 09:46 Asia/Dushanbe
  • Ф.Насимов: Илова бар саноеи дастии Тоҷикистон, намунаҳое аз саноеи дастии Эрону Афғонистони ҳам вуҷуд дорад, ки баёнгари муштаракоти мардумони ин се кишвари форсизабон аст.
    Ф.Насимов: Илова бар саноеи дастии Тоҷикистон, намунаҳое аз саноеи дастии Эрону Афғонистони ҳам вуҷуд дорад, ки баёнгари муштаракоти мардумони ин се кишвари форсизабон аст.

Дар шаҳри Маскав нахустин фурӯшгоҳи саноати дастӣ ва ҳунарҳои мардумии Тоҷикистон ифтитоҳ шуд.

Ба гузориши сомонаи “Спутник”, Фатҳиддин Насимов, мудири ин фурӯшгоҳ гуфтааст, ки ҳадаф аз ин иқдом, муаррифии осори саноеи дастӣ ва ҳунарҳои мардумии Тоҷикистон барои сокинони шаҳри Маскав ва меҳмонони пойтахти Русия мебошад.

Вай таъкид кардааст, ки дар ин фурӯшгоҳ зарфҳои нафис, либосу кулоҳҳои маҳаллӣ, кафш, осори суфолгарӣ ва наққошӣ, гулдӯзӣ ва васоили ороишӣ аз лоҷвард, лаълу зумуррад дар маърази диди умум қарор дода шудааст.

 Ба гуфтаи вай, дар ин фурӯшгоҳ илова бар осори нафисе аз устодони саноеи дастии Тоҷикистон, намунаҳое аз саноеи дастии Эрону Афғонистони ҳам вуҷуд дорад, ки баёнгар аз муштаракоти мардумони ин се кишвари форсизабон аст.

Аз дидгоҳи Фатҳиддин Насимов, ки донишҷӯи давраи доктории маъданшиносӣ дар Донишгоҳи Маскав аст, ин фурӯшгоҳ метавонад барои таблиғи саноеи дастии Тоҷикистон, Эрон ва Афғонистон ва ошноии мардуми Русия бо осори арзишманди ҳунарии ин 3 кишвар нақши муҳиме ифо кунад.