Апрел 15, 2017 08:51 Asia/Dushanbe
  • Игор Шувалов: Касби мақоми узвияти нозир дар ИИА  дар дидори Владимир Путин бо Эмомалӣ Раҳмон мавриди баррасӣ қарор гирифта буд.
    Игор Шувалов: Касби мақоми узвияти нозир дар ИИА дар дидори Владимир Путин бо Эмомалӣ Раҳмон мавриди баррасӣ қарор гирифта буд.

Муовини аввали нахуствазири Русия аз тамоюли Тоҷикистон барои касби мақоми узвияти нозир дар Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории “Спутник”, Игор Шувалов гуфт, ба далели эътои мақоми узви нозир ба ҷумҳурии Молдова дар нишасти ахири сарони Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дар Бишкеки Қирғизистон, акнун Тоҷикистон низ барои касби мақоми мушобеҳе тамоюл нишон медиҳад.

Вай таъкид кард, касби мақоми узвияти нозир дар Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё роҳро барои пайвастани ин ду кишвар дар оянда ба ин ниҳоди ҳамгироии минтақаӣ ҳамвор хоҳад кард.

 Игор Шувалов гуфт, ин мавзӯъ дар ҷараёни дидори моҳи феврали соли ҷории Владимир Путин бо Эмомалӣ Раҳмон, раисони ҷумҳурии Русия ва Тоҷикистон дар Душанбе мавриди баррасӣ қарор гирифта буд. Раҳмон дар ин дидор гуфта буд, ки Тоҷикистон ба таври ҷиддӣ дар ҳоли баррасии ин мавзӯъ аст.

Аксари коршиносони тоҷик муътақиданд, ки узвияти Тоҷикистон дар Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ба нафъи Душанбе хоҳад буд. Яке аз имтиёзоти пайвастани Тоҷикистон ба ин иттиҳодия, фароҳам шудани заминаи хуруҷи ин кишвар аз бунбасти иртиботӣ хоҳад буд, зеро роҳи оҳани Тоҷикистон мустақиман ба шабакаи релеи дигар кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё муттасил хоҳад шуд.

Озодии ҳаракати нерӯи кории тоҷикистонӣ дар қаламрави кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё, муофияти коргарони муҳоҷир аз пардохти ҳазинаи муҷаввизи кору иқомат ва бархурдор шудани онон аз бимаи дармонӣ ва ҳуқуқи бознишастагӣ, аз дигар имтиёзҳои пайвастан ба ин иттиҳод аст, ки аз нигоҳи молӣ ва ҳуқуқӣ барои коргарони муҳоҷири тоҷикистонӣ бисёр муҳим аст.