Феҳристи 100 шаҳрванди ифротии Тоҷикистон дар Русия ба Маскав ироа шуд
Мақомоти интизомии Тоҷикистон феҳристи 100 шаҳрванди ин кишварро, ки муқими Русия ва гумонбар ба доштани иртибот бо гурӯҳҳои ифротӣ ҳастанд, дар ихтиёри Маскав қарор доданд.
Ба гузориши “СА –нюз”, мақомоти Вазорати умури дохилии Тоҷикистон гуфтаанд, ки ин 100 нафар дорои дидгоҳи наздик ба андешаҳои гурӯҳи террористии ДИИШ ва дигар созмонҳои ифротӣ ҳастанд, ки дар Русия кору зиндагӣ мекунанд ва акнун аз мақомоти интизомии Маскав дархост шудааст, ки муроқиби рафтори ин афрод бошанд.
Мақомоти тоҷик таъкид кардаанд, ин феҳрист ба манзури бадном нашудани Тоҷикистон дар сурати анҷоми иқдомоти тахрибкоронаи эҳтимолии ин афрод дар Русия такмил ва ба Вазорати дохилии Русия ирсол шудааст. Дар ин феҳрист нишонии маҳалли сукунати теъдоде аз ин афрод дар шаҳрҳои Русия низ ироа шудаву ба мақомоти интизомии ин кишвар тавсия шудааст, ки ононро таҳти кантрол бигиранд.
Мақомоти амниятии Тоҷикистон муътақиданд, ки 90 дарсад аз шаҳрвандони ин кишвар, ки ба гурӯҳи террористии ДИИШ пайваставу ба Сурияву Ироқ рафтаанд, дар Русия ба унвони коргари муҳоҷир фаъолият мекарданд. Ин афрод бар асари таблиғоти гурӯҳи ДИИШ барои пайвастан ба ин гурӯҳи такфирӣ иқдом кардаанду аз тариқи Русия ба Туркия ва аз ин кишвар вориди қаламрави Сурияву Ироқ шудаанд.
Бар асоси гузориши мақомоти додситонии кулли Тоҷикистон як ҳазору 100 нафар аз шаҳрвандони ин кишвар дар таркиби гурӯҳҳои террористӣ дар Сурияву Ироқ ҳузур доранд, ки наздик ба 300 нафар аз онон дар даргириҳои ин ду кишвари арабӣ кушта шудаанд.