Апрел 15, 2017 12:41 Asia/Dushanbe
  • Тоҷикистон дар раддабандии ҷаҳонии амният аз Русия, Қазоқистон ва Қирғизистон пешӣ гирифт

Маҷмаи ҷаҳонии иқтисод феҳристи амнтарин кишварҳои ҷаҳонро мунташир кард, ки Тоҷикистон дар миёни 136 кишвари дунё дар ҷойгоҳи 49-ум қарор дорад.

Ба гузориши “Спутник”, дар омодасозии ин феҳрист авомиле чун ҷурму ҷиноят, таҳдидҳои террористӣ ва муноқишаҳои мусаллаҳона дар кишварҳо мавриди тавваҷуҳ қарор гирифтааст.

Ин раддабандӣ 136 кишварро дар бар мегирад ва амнтарин кишвар дар ҷаҳон боз ҳам Финландия эълом шудааст. Коршиносони Маҷмаи ҷаҳонии иқтисод  Имороти Муттаҳидаи Арабиро дувум ва Исландияро сеюмин кишвари амн дар ҷаҳон донистаанд.

 Аз кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ин раддабандӣ Қазоқистон дар ҷойгоҳи 58 ва Қирғизистон дар рутбаи 98-ум ҷой гирифтаанд. Русия дар ин раддабандӣ мақоми 109-ро дорад.

Колумбия дар ҷойгоҳи 136, Яман 135 ва Салвадор дар мақоми 134 ноамнтарин кишварҳо дар ҷаҳон шинохта шудаанд.

Маҷмаи ҷаҳонии иқтисод яке аз созмонҳои бузурги иқтисодӣ-сиёсӣ аст. Аз маъруфтарин барномаҳои ин ниҳод баргузории дидорҳои ҳарсолаи афроди номдоре чун руасои ҷумҳур, сиёсатмадорон, сармоядорон, рӯзноманигорон ва андешамандони ҷаҳон дар шаҳри Даос аст.