Оташсӯзӣ дар ҳавопаймои ширкати “Сомон Эйр” дар масири Душанбе – Хуҷанд
Мусофирони парвози Душанбе – Хуҷанд аз вуқӯъи оташсӯзӣ дар ҳавопаймои ширкати “Сомон Эйр” ва таъхир дар ин парвоз хабар додаанд.
Ба гузориши сойти Ахбор, мусофирони парвози Душанбе – Хуҷанд аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ аз вуқӯъи оташсӯзӣ дар дохили ҳавопаймои ширкати “Сомон Эйр”, ҳангоми бархостани он дар фурудгоҳи Душанбе хабар додаанд, ки мӯҷиби таъхир дар ин парвоз шудааст.
Ба гуфтаи ин мусофирон, мебоист ин парвоз соати 18 ба вақти Душанбе анҷом мешуд, ки танҳо соати 20:30 дақиқаи шаб ҳангоми оғози ҳаракати ин ҳавопаймо дар фурудгоҳи Душанбе, дуди ғализе дохили онро пур мекунад. Халабонон қабл аз бархостан парвозро лағв ва иқдом ба тахлияи 120 мусофир ва баррасии илали ин ҳодиса мекунанд. Мусофирони ин ҳавопаймо, ки намояндагони созмонҳои ҷавонон ва барои ширкат дар ҳамоиши бахши хусусӣ, озими Хуҷанд будаанд мегуянд, ки танҳо соати 1:20 дақиқаи шаби 15 апрел бо ҳавопаймои дигари ширкати “Сомон Эйр” ба Хуҷанд расидаанд.
Аксари онон дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо интиқод аз истифодаи ширкати “Сомон Эйр” ҳавопаймоҳои кӯҳна, хостори расидагӣ ба ин мавзӯъ ва таъмини амнияти ҷони мусофиронаш шудаанд. Хонум Ҷамила Ҳусайнова-сухангӯи фурудгоҳи шаҳри Душанбе, бо таъйиди таъхири парвози Душанбе – Хуҷанд аз додани тавзеҳ дар бораи иллати ин ҳодиса, худдорӣ кардааст.
Дар моҳи марти гузашта низ як адад ҳавопаймои ин ширкат, ки аз Хуҷанд ба мақсади Маскав парвоз мекард, пас аз сӯхтгирӣ дар фурудгоҳи шаҳри Тарози Қазоқистон ба иллати харобии чархи ақиб, маҷбӯр ба фуруди изтирорӣ дар фурудгоҳи шаҳри Хуҷанд шуд.