Апрел 18, 2017 16:02 Asia/Dushanbe
  • Ба назар мерасад Тоҷикистон дар гоми аввал барои узвият дар сохторҳои иқтисодии минтақаӣ, узвияти нозир дар ИИА -ро ҳадафгузорӣ кардааст.
    Ба назар мерасад Тоҷикистон дар гоми аввал барои узвият дар сохторҳои иқтисодии минтақаӣ, узвияти нозир дар ИИА -ро ҳадафгузорӣ кардааст.

Муовини нахуствазири Русия пас аз баргузории мизи гирди баррасии “Имконоти ҷадиди иқтисодӣ ва чашмандози ҳамкориҳои Тоҷикистон бо кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё” дар шаҳри Душанбе, аз алоқамандии Тоҷикистон барои узвияти нозир дар ин иттиҳодия хабар дод.

Игор Шувалов ҳамчунин бо эъломи тамоюли Тоҷикистон ба узвияти нозири ин кишвар дар Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ИИА) гуфт, музокироти марбут ба узвияти нозири Тоҷикистон дар ин иттиҳодия дар сафари ахири Владимир Путин, раиси ҷумҳурии Русия ба Душанбе, мавриди баррасии мақомоти ду кишвар қарор гирифта буд.

Ҳамзамон бо интишори ин хабар, Анҷумани байналмилалии иқтисодӣ дар Швейтсария ва муаллифи раддабандии амнияти бозигарони байналмилалӣ эълом кард, ки сатҳи ҷурм, ҷиноят ва терроризм дар Тоҷикистон дар муқоиса бо кишварҳои ҳамсояи ин кишвар ва ҷумҳуриҳои собиқи Иттиҳоди Шӯравӣ раванде нузулӣ доштааст. Ба гузориши ин созмон, бо вуҷуди таҳдидҳои эҳтимолӣ барои амнияти Тоҷикистон, набояд нодида гирифт, ки ин кишвар ҳатто дар муқоиса бо Русия амнтар аст.

Дар тиҳияи шохисҳои ин феҳрист авомиле чун сатҳи ҷиноят, таҳдидҳои террористӣ ва вуҷуди даргириҳои мусаллаҳона дар назар гирифта шудааст.

Воқеият он аст, ки амният аз пешниёзҳои тавсеаи сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ аст ва тайи солҳои ахир авлавияти Тоҷикистон эҳёи иқтисоди кишвар бо ҳадафи ба ҳаддиақал расонидани таҳдидҳои иҷтимоӣ будааст. Ин мавзӯъ аз ин ҷиҳат барои раҳбарони давлати Душанбе аҳамият доштааст, ки бисёре аз коршиносон ва маҳофили сиёсии минтақаии тоҷик бахше аз илали ноамнӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон ва тамоюлоти ифротгароӣ дар ин кишварро заъфи буняи иқтисодӣ, сатҳи бекорӣ ва фақри фарҳангиву заъфи иқтисоди хонаводаҳо дар ҷомеаи Тоҷикистон медонистанд.

Ба иловаи набуди амнияти иҷтимоӣ ва сиёсӣ низ ба қарор гирифтани Тоҷикистон дар даври бастаи ноамнӣ, ифротгароӣ, фақри иқтисодӣ ва набуди стратегияи тавсеа кӯмак карда буд. Акнун аммо ба назар мерасад, раҳбарони тоҷик роҳи бурунрафт аз ин даври ботилро дар эҳёи ҳамзамони амнияту тақвияти буняи иқтисодии кишвар ва албатта тақвияти сохту бофти фарҳангиву мазҳабии мардум ҷустуҷӯ мекунанд. Аз ин рӯ аст, ки ахиран Тоҷикистон бонии нишасти мавсум ба “Чашмандози ҳамкориҳои Тоҷикистон бо кишварҳои АвруОсиё” дар шаҳри Душанбе буд. Дар ин иҷлос, ки бо ҳузури коршиносони тоҷик, дипломатҳову коршиносони Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Беларус ва Ӯзбакистон баргузор шуд, зарфияту имконоти ҷадиди ИИА ва низ Тоҷикистон барои узвияти нозир дар ин иттиҳодия баррасӣ шуд.

Тардиде нест, ки бо пайвастани Тоҷикистон ба ИИА на фақат вазъи ҳуқуқии муҳоҷирони кории тоҷик дар Русияву Қазоқистон беҳбуд меёбад, балки роҳҳои арзаи маҳсулоти ин кишвар дар бозорҳои бузурги кишварҳои минтақа ва узви ИИА ҳамвор хоҳад шуд ва ин ба маънии эҷоди иштиғол дар кишвар, тақвияти иқтисодии хонаводаҳо ва эҳёи иқтисоди кишвар дар ду сатҳи хурду калон хоҳад буд.

Он чӣ чашмандози равшане аз ояндаи иқтисодии ҷомеаи Тоҷикистон ба даст медиҳад, гузориши ахири Маҷмаи ҷаҳонии иқтисоди ҷаҳон аст, ки дар гузориши солонаи ахири худ вазъияти Тоҷикистонро аз нигоҳи таъмини амнияту беҳдошти гардишгарони хориҷӣ низ беҳтар хонда буд ва ин маънии талоши раҳбарони Душанбе барои истифода аз ҳамаи зарфиятҳои иқтисодии мавҷуд, аз ҷумла тавонмандиҳои тақвияти санъати гардишгарӣ аст.

Аз ин рӯ, ба назар мерасад Тоҷикистон дар гоми аввал барои узвият дар сохторҳои иқтисодии минтақаӣ, узвияти нозир дар Иттиҳоди иқтисодиро ҳадафгузорӣ кардааст то гом ба гом бо беҳбуди шароити амниятӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар кишвар аз зарфиятҳои узвияти комилу муассир дар ин сохторҳо баҳраманд шавад.

Дар ниҳоят метавон гуфт, ҳамзамонии баргузории семинари баррасии узвияти Тоҷикистон дар ИИА дар шаҳри Душанбе бо иҷлоси сарони ин иттиҳодия дар пойтахти Қирғизистон беш аз ҳар чизе баёнгари рафтори огоҳонаи раҳбарони тоҷик барои ҳаракат ба самту сӯйи тавсеаи ҳамаҷонибаи кишвар аст.