Апрел 18, 2017 19:37 Asia/Dushanbe
  • Роҳ барои раёсати Рустами Эмомалӣ бар Маҷлиси миллии Тоҷикистон ҳамвор шуд

Дар нишасти имрӯзи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ, писари бузурги раисҷумҳури Тоҷикистон ва шаҳрдори Душанбе ба симмати раёсати маҷлиси пойтахти ин кишвар интихоб шуд.

Ба гузориши сойти “ТопТҶ”, дар пайи таъйиди чанде қабли ҳукми шаҳрдори Душанбе барои Рустами Эмомалӣ аз сӯйи падараш, пас аз пирӯзии ӯ дар интихоботи ахири Шӯрои шаҳри Душанбе Маҷлиси вакилони халқи пойтахт низ имрӯз, 18 апрел ӯро ба раёсати ин маҷмаъ интихоб кард. Дар нишасти Маҷлиси вакилони халқи Душанбе барномаи фаъолияти ин маҷмаъ барои соли 2017 ба унвони Соли ҷавонон низ тасвиб шуд.

Ба бовари коршиносони масоили сиёсӣ, бо интихоби Рустами Эмомалӣ ба мақоми раёсати Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе роҳ барои интихоби ӯ дар симмати раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон ҳамвор хоҳад шуд. Тибқи Қонуни Асосии Тоҷикистон, раиси Маҷлиси миллӣ аз нигоҳи ихтиёрот фарди дувум пас аз раисҷумҳур аст.

Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори ҷадиди Душанбе 29 сол дорад ва хатмкардаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар риштаи иқтисод дар соли 2008 ва Академияи хадамоти мудирияти давлатии вобаста ба раёсатҷумҳурии Русия дар соли 2011 аст. Ӯ дар солҳои 2012 -2013 муовини раиси Хадамоти гумруки вобаста ба ниҳоди раёсатҷумҳурии Тоҷикистон буд ва аз ноябри соли 2013 то марти соли 2015 раёсати ин хадамотро бар уҳда дошт. Рустами Эмомалӣ аз моҳи марти соли 2015 то авоили имсол низ дар симмати раиси Ожонси давлатии мубориза бо фасоди Ҷумҳури Тоҷикистон фаъолият кард. Ӯ аз моҳи январи имсол бо ҳукми падараш сарпарастии шаҳрдори Душанберо ба уҳда гирифт ва ҷойгузини Маҳмадсаид Убайдуллоев шуд, ки аз соли 1996 дар ин симмат фаъолият кардааст.

 

Барчасп