Вагонҳои вожгуншуда аз хати рейл дар шимоли Тоҷикистон барқарор шуданд
Масъулони роҳи оҳани Суғд иттилоъ доданд, вагонҳое, ки рӯзи сешанбе аз хати роҳи оҳан хориҷ шуда ва ба чанде аз он вагонҳо осеб ворид шуда буд, дубора барқарор шудааст.
Ба гузориши “Азия плюс”, баъд аз зуҳри рӯзи сешанбеи 18-уми апрел як қатори борӣ дар наздикии шаҳри Бӯстони вилояти Суғд садама дид ва се вагони он вожгун шуд.
Шаш вагони ин қатор ба далели нуқс дар сомонаи тормоз ба таври худкор ба ҳаракат даромадаанд ва пас аз бархурд бо мавонее дар хати оҳан, дар вурудии шаҳри Бӯстон се вагон аз рел хориҷ шуданд.
Дар ҳодисаи хориҷ шудани чанд вагони қатори борӣ аз хат дар роҳи оҳани шимоли Тоҷикистон хушбахтона ба касе осеб нарасид.
Хабарнигори хабаргузории “Азия плюс”, ки дар маҳалли ҳодиса ҳузур ёфта, таъкид кардааст, ки ин вагонҳо дар фосилаи панҷ метр монда ба дӯкони калиддори роҳи оҳан (сӯзанбон), бо бархӯрд бо бархе мавонеъ аз рел хориҷ шудаанд.
Мақомоти ширкати роҳи оҳани Тоҷикистон гуфтаанд, ки ба иллати холӣ будани ин вагонҳо ба касе осеб нарасидааст.
Ин мақомот мегӯянд, локомотиврон вагонҳоро дар қисмати шебдори роҳи оҳан гузошта буд ва ба эҳтимоли қавӣ нуқс дар сомонаи тормози вагонҳо муҷиби бурузи ин ҳодиса шудааст.
Ин шоха аз роҳи оҳан дар шимоли Тоҷикистон ду бахш дорад, ки яке барои интиқоли мусофир ва бор истифода мешавад ва дувумӣ дар наздикии истгоҳи шаҳри Бӯстон барои нигаҳдории қаторҳо сохта шудаву бунбаст аст.