Апрел 19, 2017 11:24 Asia/Dushanbe
  • Бори аввал аст, ки варзишгарони ду кишвар бо ҳам дар риштаи валейбол рақобат мекунанд.
    Бори аввал аст, ки варзишгарони ду кишвар бо ҳам дар риштаи валейбол рақобат мекунанд.

Барои нахустин бор дар торихи равобити ду кишвари ҳамҷавори Тоҷикистону Афғонистон, мусобиқаи дӯстона дар риштаи варзиши валейбол миёни дастаҳои манотиқи ҳаммарзи ду кишвар баргузор шуд, ки бо пирӯзии тими ноҳияи Шуғнони Афғонистон ба поён расид.

Ба гузориши хабаргузории “Ховар”, ин мусобиқа дар шаҳри Хоруғ, маркази вилояти худмухтори Бадахшони Тоҷикистон баргузор шуд, ки бо истиқболи сокинону мақомоти ду тарафи марзи Тоҷикистону Афғонистон мувоҷеҳ шуд.

Мирзоқулӣ Паймон, раиси ноҳияи Шуғнони вилояти Бадахшони Афғонистон зимни ибрози ризоият аз баргузории мусобиқаи варзишии ёдшуда гуфт: Ҷумҳурии Тоҷикистон аз кишвари мо чӣ дар равобити дуҷониба ва чӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ ҳамеша пуштибонӣ мекунад. Танҳо роҳи байналмилалӣ, ки шаҳрвандони Афғонистон аз он бидуни тарсу ҳарос убур мекунанд, ин роҳ аз тариқи Тоҷикистон аст. Ман ба унвони масъули ҳукумати Шуғнони Ҷумҳурии исломии Афғонистон ба як гурӯҳи ҷавонони тоҷик, ки довталабона дар ҳудуди минтақаи мо ҳашт майдони варзишӣ бунёд намуданд ва наврасону ҷавонони моро бо либосу дигар васоили варзишӣ таъмин намуданд, изҳори сипос менамоям”.

Азиз Ҳайдармуҳаммадов, мудири бахши варзишии раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшони Тоҷикистон низ гуфт, ки  бори аввал аст, ки варзишгарони ду кишвар бо ҳам дар риштаи валейбол рақобат мекунанд.

Вай афзуд: “Ҳадаф аз ин гуна барномаҳо миёни манотиқи ҳаммарзи Тоҷикистону Афғонистон тарвиҷи шеваи зиндагии солим, тиҷорати муфид ва аз байн бурдани қочоқи мавод мухаддир аст. Талош мекунем, ки аз ин ба баъд низ ҷавонони ҳар ду тарафи марз танҳо бо нияти неку бо мақсади анҷом додани корҳои хайрхоҳона ва созанда, такмили истеъдоду маҳорати варзишӣ ва фарҳангии худ дар қаламрави кишварҳои якдигар тараддуд намоянд”.

Қарор аст ба зудӣ байни кӯдакону наврасони сокини ҳар ду тарафи марз  мусобиқоти варзишӣ дар риштаи футбол баргузор шавад.

Тоҷикистону Афғонистон беш аз 1400 километр марзи муштарак доранд.

Барчасп