Русия ва Тоҷикистон протоколи ҳамкорӣ дар ҳавзаи саноати дифоӣ имзо карданд
(last modified Fri, 21 Apr 2017 13:23:35 GMT )
Апрел 21, 2017 18:23 Asia/Dushanbe
  • Русия ва Тоҷикистон протоколи ҳамкорӣ дар ҳавзаи саноати дифоӣ имзо карданд

Ҳайате аз Комиссияи саноати низомии Русия ва намояндагони Вазорати саноат ва фановариҳои ҷадиди Тоҷикистон дар нишасти муштарак протоколи ҳамкории байн ду кишварро дар ҳавзаи саноати дифоӣ имзо карданд.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, ҳайате аз Комиссияи саноати низомии Русия ва намояндагони Вазорати саноат ва фановариҳои ҷадиди Тоҷикистон 20 апрел дар Душанбе протоколи ҳамкории байни ду кишвар дар ҳавзаи саноати дифоиро имзо карданд. Ин протокол тавассути Олег Бочкарев, раиси ҳайати Комиссияи саноати низомии Русия ва Шавкат Бобозода, раиси ҳайати Вазорати саноат ва фановариҳои ҷадиди Тоҷикистон ба имзо расид.

Дар ин музокирот Валерий Семерков, сарпарасти дабири куллии Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ низ ширкат дошт. Дар ин нишаст ҳамчунин иқдомоти амалие барои тавсеат равобит ва якпорчасозии ширкатҳои муҷтамеи низомӣ-саноатии Русия ва Тоҷикистон дар чорчӯби тавсеаи бештари ҳамкориҳои низомӣ ва иқтисодии ду кишвар дар доираи СПАД баррасӣ шуд.