Апрел 22, 2017 09:31 Asia/Dushanbe
  • Давлати Тоҷикистон қасд дорад ба маблағи 530 миллион сомонӣ саҳмия мунташир кунад.
    Давлати Тоҷикистон қасд дорад ба маблағи 530 миллион сомонӣ саҳмия мунташир кунад.

Давлати Тоҷикистон бахше аз манобеи молиеро, ки қаблан барои ҳимоят аз бонкҳои буҳронзадаи ин кишвар ихтисос дода буд, ба нерӯгоҳи дар ҳоли сохти барқи обии “Роғун” мунтақил хоҳад кард.

Ба гузориши “Азия плюс”, Маҷлиси намояндагони Тоҷикистони ахиран тарҳи давлатии ин кишварро дар заминаи интишори авроқи молӣ (саҳмия) барои сармоягузорӣ дар бахши энержии ин ҷумҳурӣ тасвиб кард.

Ба гуфтаи Ҷамшед Нурмуҳаммадиён, муовини вазири молияи Тоҷикистон, ки ин тарҳро дар Маҷлиси намояндагони ин кишвар ироа кардааст, давлати Тоҷикистон қасд дорад авроқи молӣ ба маблағи 530 миллион сомонӣ мунташир кунад.

Вай таъкид кард, ин манобеи молӣ бо эътибори 5 сола ва суди солонаи 2 дарсадӣ ба фурӯш гузошта мешавад то даромади ҳосил аз он барои такмили сохти нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” мавриди истифода қарор гирад.

Ба гуфтаи ин мақоми давлатӣ, ин манобеи молӣ қарор буд барои ҳимоят аз ду бонки буҳронзадаи “Тоҷпромбонк” ва “Фононбонк” ҳазина шавад. Аммо Бонки миллии Тоҷикистон бо варшикаста эълом кардани ин ду бонк дар моҳи феврали соли ҷорӣ, муҷаввизи фаъолиятииӣн ду марказро лағв кард.

Ҷамшед Нурмуҳаммадиён гуфт, Вазорати молияи Тоҷикистон пас аз имзои қарордоди сеҷониба миёни ин вазоратхона, мудирияти ширкати сохти нерӯгоҳи обии “Роғун” ва Бонки миллии ин кишвар, ба интишори ин авроқи молӣ иқдом хоҳад кард. Авроқи молии мунташиршуда низ дар марҳалаи нахуст ба ҳисоби нерӯгоҳи обии “Роғун” ворез мешавад, ки баъд ба дархости мудирияти ин ширкат аз сӯйи Бонки миллии Тоҷикистон ба ваҷҳ табдил хоҳад шуд.

Ин дар ҳолест, ки давлати Тоҷикистон дар соли 2010 барои ҷазби сармояи мардуми ин кишвар бо ҳадафи мушорикат дар сохти нерӯгоҳи обии “Роғун” ба интишору фурӯши авроқи молӣ (саҳмия) иқдом кард, ки маблағи 186 миллион доллар ҷамъоварӣ шуд. Баъдтар Вазорати молияи Тоҷикистон эълом кард, ки суди ҳосил аз фурӯши ин авроқ ба маблағи 70 миллион сомонӣ аст, ки дар ҳисоби саҳмдорони нерӯгоҳи обии “Роғун” маҳфуз мебошад.