Буҳрон дар шабакаи бонкии Тоҷикистон
(last modified Sat, 29 Apr 2017 04:20:59 GMT )
Апрел 29, 2017 09:20 Asia/Dushanbe
  • 81 дарсад аз тамоми ин манобеи молӣ дар инҳисори 6 бонки фаъол дар Тоҷикистон қарор дорад
    81 дарсад аз тамоми ин манобеи молӣ дар инҳисори 6 бонки фаъол дар Тоҷикистон қарор дорад

Шабакаи бонкии Тоҷикистон ба далели камбуди манобеи молӣ ва нотавонӣ дар пардохти амонатҳо ва супурдаҳои шаҳрвандони ин кишвар бо буҳрони шадиди молӣ рӯбарӯ аст.

Ба гузориши сайти “Caa-Network”, манобеи молии бонкҳои Тоҷикистон камтар аз 30 дарсад аз ҳаҷми тавлиди нохолиси миллии ин кишварро ташкил медиҳад, ки аз нигоҳи кайфияти хадамот низ дар сатҳи пойин қарор дорад.

Ин дар ҳоле аст, ки 81 дарсад аз тамоми ин манобеи молӣ дар инҳисори 6 бонки фаъол дар Тоҷикистон қарор дораду саҳми бонкҳои хориҷӣ 10-уним дарсадро ташкил медиҳад.

Аз сӯйи дигар, коҳиши шадиди мизони даромади интиқолии коргарони муҳоҷири тоҷикистонӣ аз Русия, суқути 30 дарсадии сомонӣ - воҳиди пули миллии ин кишвар дар баробари арзҳои хориҷӣ, кам шудани вогузории эътиборот барои сохти маскану мушкили бозпардохти вомҳои қаблии ин бахш, муҷиби варшикастагии ду бонк ва беш аз 15 муассисаи молӣ ва эътиборӣ дар ин ҷумҳурӣ тайи 2 соли ахир шудааст.

 Бо эъломи лағви муҷаввизи фаъолияти “Тоҷпромбонк” ва “Фононбонк” дар Тоҷикистон аз сӯйи Бонки Миллии Тоҷикистон, ба далели нотавонӣ дар пардохти супурдаҳои молии мардум, акнун ду бонки “Тоҷиксодиротбонк” ва “Агроинвестбонк” низ дар остонаи варшикастагӣ қарор гирифтаанд. Ҳарчанд ки ин ду бонк беш аз 6 моҳ аст, ки таҳти мудирияти мустақими Бонки Миллии Тоҷикистон фаъолият мекунанду кӯмаки молии давлат ба ин ду бонк низ натавонистааст вазъи молии ин марокизро беҳбуд бахшад.

Аз сӯйи дигар, тайи 2 соли ахир ба далели буҳрони молӣ таъхир дар бозпардохти вомҳову эътиборот дар низоми бонкии Тоҷикистон аз 28 дарсад ба 60 дарсад расидааст.