15 сол зиндон барои ҷазби ҷавонон ба гурӯҳи ДИИШ
Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, як шаҳрванди ин кишварро барои ҷазби 5 нафар ва эъзоми онон ба манзури пайвастан ба гурӯҳи террористии ДИИШ ба Сурия ва Ироқ, ба 15 сол зиндон маҳкум кард.
Ба гузориши дафтари матбуотии додситони кулли Тоҷикистон, ахиран додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, Ҷ. Ҳакимов- шаҳрванди ин кишварро ба иттиҳоми таблиғи андешаҳои гурӯҳи такфирии ДИИШ ва ҷазби 5 нафар ба сафи ин созмони террористӣ ба 15 сол зиндон, бо муқарароташ душвор маҳкум кард.
Бар асоси ин гузориш Ҷ. Ҳакимов, ки аз соли 2005 ба унвони коргари муҳоҷир дар Русия фаъолият мекард, дар соли 2013 бо барқарории тамос бо бародараш А.Ҳакимов ва ҳамсояаш Н. Назаров, ки дар Ироқ дар сафи гурӯҳи террористии ДИИШ ҳузур доштанд, иқдом ба ҷазби неру барои ин созмони такфирӣ кардааст. Вай пас аз бозгашт ба Тоҷикистон аз Русия, ба фаъолияти таблиғотии хеш барои ҷазби неру ба сафи гурӯҳи террористии ДИИШ идома дода, аз 5 шаҳрванди ин кишвар барои пайвастан ба ин созмони такфирӣ даъват ба амал овардааст.
Ба гуфтаи мақомоти додситони кулли Тоҷикистон, 1 ҳазору 100 нафар аз шаҳрвандони ин кишвар дар таркиби гурӯҳи террористии ДИИШ дар Сурия ва Ироқ ҳузур доранд, ки беш аз 200 тан аз онон дар даргириҳои ин ду кишвари арабӣ, кушта шудаанд.