Май 02, 2017 09:19 Asia/Dushanbe
  • Узвияти Тоҷикистон дар Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё, оре ё на?

Коршиноси масоили иқтисодии минтақа муътақид аст, ки ба далоили мухталиф узвияти Тоҷикистон дар Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё барои соири аъзо фоидаи чандоне ба ғайр аз ҷанбаи сиёсии ин иқдом ба унвони густариши ин ниҳоди ҳамгароии ҷадид нахоҳад дошт.

Ба иттилои сомонаи Central Asia Analytical Network, Александр Либман гуфтааст, ки дар ин авохир аз Тоҷикистон ба унвони узви ояндаи Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ном мебаранд, ки ба назар мерасад, дар дохилу хориҷи ин кишвар, авомили зиёде барои мамониат аз пайвастани ин ҷумҳурӣ ба ин ниҳоди ҳамгароии минтақаӣ вуҷуд дорад .

Зеро аксари коршиносон, эътои тасҳилот барои ҳаракати озодонаи нерӯи кори Тоҷикистон дар қаламрави Русия, маофияти шаҳрвандони ин кишвар аз пардохти ҳазинаи молии дарёфти иҷозатномаи кору иқомат ва бархурдорӣ аз имтиёзоти бимаи дармонӣ ва ҳуқуқи бознишастагӣ барои ин афродро аз ҷумлаи мазоёи пайвастани ин ҷумҳурӣ ба Иттиҳоди иқтисодӣ Авруосиё медонанд. Аммо ин коршиносон эътироф мекунанд, Тоҷикистон, барои рақобат дар бозори кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё тавони лозим барои арзаи маҳсулоти санъатии бокайфиятро надорад. Аз сӯи дигар, Русия аз вуҷуди миллионҳо нафар коргари муҳоҷири тоҷикистонӣ дар қаламрави худ ба унвони абзори фишор ба давлати Тоҷикистон бо ихроҷи ин афрод истифода мекунад. Аммо бо узвияти Тоҷикистон дар н иттиҳодия, Маскав ин абзорро аз даст хоҳад дод .

Ин дар ҳолест, ки коршиносони тоҷик мегӯянд, дар сурати пайвастани ин кишвар ба Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё тарҳҳои рушди бахши энержии барқӣ-обӣ, афзоиши содироти маҳсулоти кишоварзӣ, сохти корхонаҳои саноеи табдилӣ, коркарди маодин ва фулузоти ин ҷумҳурӣ метавонад бо сармоягузории кишварҳои узви ин иттиҳод амалӣ шавад. Ин коршиносон муътақиданд, яке аз имтиёзоти пайвастани Тоҷикистон ба ин иттиҳод, фароҳам шудани заминаи хуруҷи ин кишвар аз бунбасти иртиботӣ аст. Чун роҳи оҳани Тоҷикистон мустақиман ба шабакаи рейлии соири кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё муттасил хоҳад шуд .

Мақомоти давлати Тоҷикистон мегӯянд, ки дар ҳоли омӯзиши мавзуи узвияти ин кишвар ба Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё мебошанд .