Май 02, 2017 10:07 Asia/Dushanbe
  • Ироаи тарҳи тасҳили ихроҷи коргарони муҳоҷири хориҷии мутахаллиф аз Русия

Давлати Русия дар ҳоли тадвини тарҳест, ки ихроҷи коргарони муҳоҷири хориҷӣ аз қаламрави ин кишварро ба далели нақзи қавонини кору иқомат осон мекунад.

Ба иттилои Спутник, дар сурати тасвиби ин тарҳ дар Маҷлиси Думаи Русия, коргарони муҳоҷири хориҷии мутахаллиф бо пардохт ҳазинаи билети ҳавопаймо ё қатор аз ҳисоби худашон ихроҷ хоҳанд шуд, ки ин иқдом бори молии сангинеро аз души Вазорати кишвари Русия бармедорад .

Александр Калинин, масъули умури коргарони муҳоҷири хориҷӣ дар шаҳрдории Маскав бо ҳимоят аз ин тарҳ гуфт, теъдоди зиёде аз коргарони муҳоҷири хориҷӣ, ки ба далели нақзи қавонини Русия боздошт шудаанд, то замони судури ҳукми ихроҷашон аз сӯи додгоҳҳо моҳҳо дар марокизи муваққат ва боздоштгоҳҳои полис нигаҳдорӣ мешаванд, ки ҳазинаи молии ин барнома бар души давлати Русия аст .

Дар ҳоле, ки ин афрод низ бо тӯлонӣ шудани замони нигаҳдорӣ дар боздоштгоҳҳо моил ҳастанд, ҳарчи сареътар аз Русия хориҷ шаванд. Аз ин рӯ, бо тасвиби қонуни ҷадид ва судури ҳукми ихроҷи онон, дар кӯтоҳтарин замон бо ҳазинаи худашони барояшони билет таҳия мешавад ва нерӯҳои полис, муҳоҷирони ихроҷиро то савор шудан бар ҳавопаймо ва қатор ҳамроҳӣ мекунанд.

Ин дар ҳолест, ки як моҳ замони таъиншуда барои афви коргарони муҳоҷири ихроҷии тоҷик аз Русия ба поёни расида ва омори дақиқе аз теъдоди афроде, ки шомили ин барнома шудаанд, мунташир нашудааст .

Аммо мақомоти идораи умури муҳоҷирати Русия мегӯянд, ки таи 3 моҳи нахусти соли ҷорӣ 407 ҳазору 963 нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон барои сабти ном ба ин ниҳод муроҷиа кардаанд. Дар ин муддат барои 4 ҳазору 22 шаҳрванди тоҷик иҷозатномаи иқомат содир шудааст .

Ҳамчунин таи 3 моҳи нахусти соли ҷорӣ 5 ҳазору 917 шаҳрванди Тоҷикистон муваффақ ба касби тобеияти Русия шудаанд .