Май 04, 2017 09:17 Asia/Dushanbe
  • Муҳайё Нозимова далели рафтани рӯзноманигорон аз Тоҷикистонро  фишори давлат ба расонаҳо ва  набуди фазои озодии баён медонад.
    Муҳайё Нозимова далели рафтани рӯзноманигорон аз Тоҷикистонро фишори давлат ба расонаҳо ва набуди фазои озодии баён медонад.

Раиси Эътилофи бонувони рӯзноманигори Тоҷикистон аз дархости паноҳандагии 20 рӯзноманигори тоҷик дар кишварҳои хориҷӣ хабар дод.

Ба гузориши сайти “Топ.тҷ”, хонум Муҳайё Нозимова, ки ба муносибати Рӯзи Байналмилалии Озодии Матбуот дар маҳфиле дар Душанбе суханронӣ мекард, далели рафтани ин афрод ба хориҷ ва дархости паноҳандагии ононро фишори давлат ба расонаҳо, набуди фазои озодии баён, ҳимоят нашудани рӯзноманигорон аз сӯйи мудирони нашрияҳо, надоштани маркази воҳиди дифоъ аз ҳуқуқи ин афрод ва ночиз будани ҳуқуқу дастмуздҳо эълом кард.

Фарангис Набиева, яке аз рӯзноманигорони тоҷик, ки дар Аврупо ба сар мебарад, иллати тарки Тоҷикистонро набуди фазои озодонаи фаъолият, контроли шадиди ниҳодҳои давлатӣ бар расонаҳо ва талош барои табдил кардани рӯзноманигорон ба абзоре бо ҳадафи сиёҳнамоии руқабову шахсиятҳои мустақил медонад.

Албатта теъдоди дигаре аз рӯзноманигорон дар дохили Тоҷикистон муътақиданд, ки ҷудо аз мабоҳиси сиёсӣ ва фазои озодии сухан, бархе аз кормандони расонаҳои хабарии ин кишвар барои зиндагии беҳтар ба Аврупо рафтаанд.

Муҳайё Нозимова, раиси Эътилофи бонуҷони рӯзноманигори Тоҷикистон гуфт, аз 20 рӯзноманигоре, ки дар кишварҳои хориҷӣ таҳсил доранд ва ё дархости паноҳандагӣ кардаанд, танҳо ду нафар - Ҳумайрои Бахтиёр ва Фарангис Набиева ҳозир шудаанд, ки асомии воқеии худро эълом кунанд ва бақия бо номҳои мустаор далели рафтанашон аз Тоҷикистонро баён кардаанд.

Аз дидгоҳи коршиносон, пас аз ҳаводиси моҳи сентябри соли 2015 ва мамнӯъ шудани фаъолияти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон фишор ба рӯзноманигорону расонаҳои мустақил дар ин кишвар ташдид шуд, ки ин амр муҷиби баста шудани бархе аз ҳафтаномаҳо, зиндонӣ шудани рӯзноманигорон ва фирори онон аз ин ҷумҳурӣ шуд.