Май 04, 2017 10:15 Asia/Dushanbe
  • Дидори вазири хориҷаи Тоҷикистон бо мақоми амрикоӣ

Вазири умури хориҷаи Тоҷикистон ва дастёри вазири хориҷаи Амрико дар умури кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ҷанубӣ дар дидоре дар Душанбе, равобити дуҷонибаву ҳамкории ин ду кишвар дар мубориза бо терроризмро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ба гузориши сомонаи Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон, дар дидори Сироҷиддин Аслов ва Даниел Розинблаум дар бораи ҳамкориҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, мавзӯҳои башардӯстона, авзои Афғонистон ва мубориза бо терроризми байналмилалӣ баҳсу табодули назар шуд.

Ин мақоми амрикоӣ тайи рӯзҳои 30-юми апрел то 3-юми майи соли ҷорӣ дар Тоҷикистон бо мақомоти Кумитаи мавқеиятҳои изтирории ин кишвар мавзӯи ҳамкории дуҷониба барои коҳиши осебҳои ҳаводиси табииро низ мавриди баррасӣ қарор дод.

Вай бо сафар ба ноҳияи Рашт дар шарқи Тоҷикистон, бо намояндагони созмонҳои иҷтимоии ин минтақа низ дидору гуфтугӯ кард.

Аз сӯйи дигар Сафорати Амрико дар Тоҷикистон эълом кардааст, ки тайи 25 соли ахир Вашингтон дар чорчӯби барномаҳои мухталиф барои рушди бахшҳои энержӣ, беҳдошту дармон, омӯзишу парвариш, тақвияти марзҳо ва умури башардӯстона ба ин кишвар 1 миллиарду 800 миллион доллар кӯмаки молӣ кардааст.