Дархости пайгарди қазоӣ барои истифодаи ғайриқонунӣ аз симкортҳо
(last modified 2017-05-06T04:32:44+00:00 )
Май 06, 2017 09:32 Asia/Dushanbe
  • Дар сурати истифодаи муҷримони собиқадор аз симкортҳои шаҳрвандони Тоҷикистон, моликони симкортҳо муҷозот хоҳанд шуд.
    Дар сурати истифодаи муҷримони собиқадор аз симкортҳои шаҳрвандони Тоҷикистон, моликони симкортҳо муҷозот хоҳанд шуд.

Мақомоти амниятӣ ва интизомии Тоҷикистон таъйини муҷозот барои истифодаи ғайримуҷоз аз симкортҳои телефони ҳамроҳ дар ин кишварро хостор шудаанд.

Ба гузориши сомонаи Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, дар нишасти муштараки ахири мақомоти ин вазоратхона бо Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва мудирони ширкатҳои ироадиҳандаи хадамоти телефони ҳамроҳ, мавзӯи раванди сабти номи муҷаддади симкортҳои шаҳрвандони ин ҷумҳурӣ бо ироаи шиноснома, танзими фурӯш ва муқаррароти истифода аз ин васоил мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар ин нишаст тасмим гирифта шуд, заминаи ҳуқуқии муҷозоти афроде, ки аз симкортҳои ашхоси дигар истифода намуда ё симкортҳои ғайримуҷоз ба дигарон вогузор мекунанд, бо тарҳи ислоҳи қонуни иртиботот фароҳам шавад.  

Аз ин рӯ, ба зудӣ тарҳи чунин қонуне ба давлати Тоҷикистон ироа хоҳад шуд.

 Бар асоси ин тарҳ, дар сурати истифодаи муҷримони собиқадор аз симкортҳои шаҳрвандони Тоҷикистон ва собит шудани вогузории ин симкортҳо ба ин ашхос, моликони он муҷозот хоҳанд шуд.

Дар авохири соли 2016 Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо ислоҳи қонуни истифода аз васоили иртиботӣ ва мухобиротӣ дар ин кишвар ва ҷилавгирӣ аз дастрасии гурӯҳи Толибон ба симкортҳои тоҷикистонӣ, муқаррароти сабти номи муҷаддади 7 миллион симкорт дар ин ҷумҳуриро тасвиб кард, ки ин муддат дар авоили моҳи майи соли ҷорӣ ба поён расид.