Коҳиши воридоти маҳсулоти нафтӣ ба Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i16726-Коҳиши_воридоти_маҳсулоти_нафтӣ_ба_Тоҷикистон
Бо коҳиши ҳамзамони мизони воридоти маҳсулоти нафтӣ ба Тоҷикистон тайи 3 моҳи нахусти соли ҷорӣ, воридоти гази мойеъ ва фишурда ба ин кишвар ва газсӯз кардани худравҳо афзоиш меёбад.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Май 06, 2017 11:17 Asia/Dushanbe
  • Коҳиши воридоти маҳсулоти нафтӣ ба Тоҷикистон

Бо коҳиши ҳамзамони мизони воридоти маҳсулоти нафтӣ ба Тоҷикистон тайи 3 моҳи нахусти соли ҷорӣ, воридоти гази мойеъ ва фишурда ба ин кишвар ва газсӯз кардани худравҳо афзоиш меёбад.

Ба гузориши сомонаи Кумитаи давлатии андози Тоҷикистон, тайи 3 моҳи нахусти соли ҷорӣ ба ин кишвар 122 ҳазор тон маҳсулоти нафтӣ ворид шуда, ки арзиши молии он 75 миллион доллар будааст ва дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли қабл 12 дарсад коҳишро нишон медиҳад. Ин дар ҳоле аст, ки дар 3 моҳи нахусти соли гузашта 139 ҳазор тон маҳсулоти нафтӣ ба Тоҷикистон ворид шуда буд.

Бар асоси ин гузориш, қимати ҳар як тон маҳсулоти нафтии воридотӣ ба Тоҷикистон 574 доллар эълом шудааст. Аз ин мизон, маҳсулоти нафтии воридотӣ ба Тоҷикистон 58 ҳазор тон бензин, 43 ҳазор тон газоил ва бақия равғанҳои мухталиф будааст.

Дар ин муддат, Тоҷикистон аз 11 кишвар маҳсулоти нафтӣ ворид карда, ки 111 ҳазор тони он аз Русия мунтақил шудааст.

Бо коҳиши нисбии воридоти маҳсулоти нафтӣ ба Тоҷикистон тайи 3 моҳи нахусти соли ҷорӣ интиқоли гази мойеъ ва фишурда ба ин кишвар дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли қабл наздик ба 3 дарсад афзоиш ёфта, ки баёнгари афзоиши тақозо ба ин навъ сӯхт будааст.

Бар асоси ин омор, тайи ин муддат ба Тоҷикистон 86 ҳазор тон гази мойеи фишурда ворид шуда, ки арзиши молии он 39 миллион долларро ташкил медиҳад. 90 дарсади ин навъи сӯхтро аз Қазоқистон ворид кардааст.

Акнун дар Тоҷикистон беш аз 60 дарсади худравҳо аз газ ба унвони сӯхти аслӣ истифода мекунанд ва қимати он низ дар муқоиса бо бензину газоил арзонтар мебошад.