Май 07, 2017 09:45 Asia/Dushanbe
  • Интиқоли 133 сокини ноҳияи Лахш ба манотиқи амн

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон аз интиқоли 133 сокини ноҳияи Лахш ба манотиқи амн, ки дар пайи зилзилаи ахир ва лағзиши замин ханаҳои истиқоматии онон осеб дидааст, хабар дод.

Ба гузориши сомонаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон, гуфта мешавад, ки дар пайи 5 маврид зилзилаи ахир, ки дар манотиқи марзи муштараки Тоҷикистон ва Қирғизистон иттифоқ афтод, ба хонаҳои сокинони теъдоде аз деҳаҳои ноҳияи Лахш, дар 300 километрии шарқи Душанбе хисороти зиёд ворид шудааст.

Аз ин рӯ, мақомоти ҳукуматӣ дар ин ноҳия тасмим ба интиқоли 133 нафар аз сокинон ин деҳаҳои зиёндида ба манотиқи амн гирифтаанд ва ба думболи вогузории замин барои сохти хонаҳои ҷадид ба ин афрод мебошанд. Бар асоси ин гузориш, зилзилаҳои ахир талафоти ҷонӣ надошта ва ба хонаҳои истиқоматӣ, заминҳои кишоварзӣ ва боғҳои сокинони теъдоде аз ноҳияи Лахш, хисороти фаровоне ворид кардааст.

Ҳамчунин ларзиши замин дар пайи ин зилзилаҳо, мӯҷиби харобии бахшҳое аз роҳи иртиботии Тоҷикистон ва Қирғизистон дар ин минтақа шудааст. Генерал Рустам Назарзода-раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон ҳамакнун дар ноҳияи Лахш басар мебарад ва дар ҳоли сомондеҳии осебдидагон аз зилзилаҳои ахир ва расондани кумакҳои аввалия ба ин афрод мебошад.

Аммо Улфат Нурмуҳаммадов-мудири Пажуҳишгоҳи зилзанигорӣ дар Фарҳангистони улуми Узбакистон бо ишора ба вуқуи 5 зилзила ва пасларзаҳои зиёд дар қаламрави ин кишвар ва Тоҷикистон ва Қирғизистон гуфтааст, ки Осиёи Марказӣ минтақаи зилзилахез мебошад ва иттифоқоти ахир, як амри табиӣ ба ҳисоб меояд.