Боздошти яке дигар аз муттаҳамони даргирӣ дар гуристони Хованскоеи Маскав
Раёсати таҳқиқ ва бозрасии идораи полиси шаҳри Маскав аз боздошти яке аз муттаҳамони аслӣ дар даргирии хунини моҳ майи 2016 дар гуристони Хованскоеи Маскав хабар дод.
Ба иттилои сайти идораи полиси шаҳри Маскав, Владимир Белов, шаҳрванди русӣ, ки пас аз ин моҷаро фирор карда ва таҳти пайгарди қазоӣ буд, ҳангоми бозгашт ба Русия аз манотиқи ҷудоиталаби Луҳанск ва Донетск дар Украина шиносоӣ ва боздошт шудааст .
Як тарафи даргирии моҳи майи 2016 дар гуристони Хованскоеи Русия коргарони муҳоҷири тоҷик буданд.
Қаблан раёсати таҳқиқ ва бозрасии идораи полиси шаҳри Маскав дар ин замина парвандаи 16 муттаҳам аз ҷумла Юрий Чабуев, мудири вақти гуристони Хованскоеро ба додгоҳ ирсол карда буд .
Ба гуфтаи мақомоти полиси Маскав, ин афрод бо ҳадафи ихроҷи коргарони муҳоҷири тоҷик аз ин макон бо кумаки гурӯҳҳои мафияии қафқозитабор ин даргирии хунинро тарроҳӣ карда ва ба роҳ андохта буданд .
Дар ин даргириҳо, ки бо мушорикати 300 нафар аз ҳар ду тараф рӯй дод, 3 тан аз коргарони муҳоҷири тоҷик кушта ва 30 нафари дигар захмӣ шуданд .
Беш аз 200 коргари тоҷик дар гуристони Хованскоеи Маскав ба унвон руфтагар, сангтарош ва гуркан фаъолият мекарданд, ки бо интисоби Юрий Чабуев ба симмати мудири ин гуристон, вай аз тоҷикон дархости афзоиши саҳми молӣ карда ва пас аз мухолифати онон барои тарсондан ва ихроҷашон аз гурӯҳҳои мафияӣ кумак гирифта буд .
Ба гуфтаи мақомоти полиси шаҳри Маскав, таҳқиқ барои ёфтани яке дигар аз муқассирони ин даргирӣ ба номи Георгий Макарев, ки шаҳрванди Русия аст, ҳануз идома дорад .