Май 09, 2017 14:01 Asia/Dushanbe
  • Густариши ҳамкории Донишномаи миллии Тоҷикистон бо Пажуҳишгоҳи фарҳанги форсии тоҷикӣ

Ҳасани Қарибӣ, раиси Пажуҳишгоҳи эронии фарҳанги форсии тоҷикӣ ва Нурмуҳаммад Амиршоҳӣ, мудири Донишномаи миллии Тоҷикистон дар Душанбе дидор ва дар бораи густариши заминаҳои ҳамкорӣ гуфтугӯ карданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, дар ин дидор Нурмуҳаммад Амиршоҳӣ омодагии Донишномаи миллии Тоҷикистонро барои ҳамкорӣ бо марокизи илмӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии исломии Эрон дар заминаи таҳия ва супориши мақола ва тарҷумаи мақолот эълом кард .

Ҳасани Қарибӣ низ бо ишора ба собиқаи ҳамкории устодони тоҷик дар таълифи мақолоти донишномаӣ дар Эрон, аз ҷумла "Доират-ул-маорифи бузурги исломӣ", нақши Донишномаи миллии Тоҷикистонро дар тамаркуз бахшидан ба ин фаъолиятҳо муассир донист .

Дар поён Мубашшир Акбарзод ба унвони намояндаи Донишномаи миллии тоҷик барои густариши иртибот ва ҳамоҳангиҳои лозим бо тарафи эронӣ муаррифӣ шуд .

Дар ин нишаст, феҳристи мадхал ё чакидаи мақолоти Мирзо Турсунзода, Муҳаммадҷони Шакурӣ, Лоиқ Шералӣ, Садри Зиё, Садриддини Айнӣ, Абдулғанӣ Мирзоев ва Расул Ҳодизода ба супориши Донишномаи забон ва адаби форсӣ барои таҳияи мақолот ба унвони гоми нахусти ҳамкорӣ, тақдими мудири Донишномаи миллии Тоҷикистон шуд .

 

Барчасп