Май 11, 2017 10:09 Asia/Dushanbe
  • Дархост барои зудтар бо барқ таъмин кардани Минтақаи озоди иқтисодии Данғара

Мудирияти Минтақаи озоди иқтисодии Данғара дар вилояти Хатлон аз ширкати чинии муҷрии сохти полоишгоҳи нафт дар ин минтақа хостааст, ки раванди интиқоли хутути барқи фишор-қавӣ аз нерӯгоҳҳои “Сангтӯда- 1” ва нерӯгоҳи “Норак”-ро суръат бахшад.

Ба гузориши “СА –нюз”, барои таъмини барқи мавриди ниёзи корхонаҳои тавлидии фаъол дар Минтақаи озоди иқтисодии Данғара ниёзи шадиде ба барқ вуҷуд дорад.

Акнун ширкати чинии “Шанси” дар ҳоли омодасозии тарҳи интиқоли барқ тавассути ду хатти фишор-қавӣ аз нерӯгоҳҳои “Сангтӯда- 1” ва “Норак” аст.

 Коршиносони чинӣ эълом кардаанд, ки тарроҳӣ ва сохти ин ду хатти ҷадиди интиқоли барқи фишор-қавӣ аз нерӯгоҳҳои “Сангтӯда- 1” ва “Норак” ба Минтақаи озоди иқтисодии Данғара 6 то 9 моҳ замон ниёз дорад.

 Бо ин ҳол мудирияти ин минтақа аз ин ширкати чинӣ дархост кардааст, ки ин корро дар муддати 5 то 6 моҳ анҷом диҳад.

Яке аз муҳимтарин тарҳҳои ин минтақа сохти нахустин полоишгоҳи нафти Тоҷикистон аст, ки иҷрои он бар ӯҳдаи ширкатҳои чинӣ аст.

Созишномаи сохти ин полоишгоҳ дар соли 2014 миёни давлати Тоҷикистон ва ширкатҳои чинӣ ба имзо расида буд.

Бар асоси ин созишнома, бо баҳрабардорӣ аз фози нахусти ин корхона, имкони тасфияи 500 ҳазор тон нафти хом дар сол фароҳам мешавад.

Дар сурати фаъолияти фози дувуми полоишгоҳи нафт дар Минтақаи озоди иқтисодии Данғара, зарфияти тасфияи 1 миллиону 200 ҳазор тон нафти хом дар сол муҳайё мешавад.

Камбуди манобеи молӣ замони баҳрабардорӣ аз ин полоишгоҳро ду бор ба таъхир андохтааст.