Нигаронии Эмомалӣ Раҳмон аз гароиши сокинони вилояти Хатлон ба гурӯҳҳои ифротӣ
Раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз идомаи раванди гароиши сокинони вилояти Хатлон ба гурӯҳҳои террористӣ ва ифротӣ, ибрози нигаронӣ кард.
Ба гузориши хабаргузории Ховар, Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи 13 май дар дидор бо масъулини вилояти Хатлон дар ноҳияи Данғара, бо таҳлили авзои иқтисодӣ ва иҷтимоии ин минтақа аз идомаи гароиши сокинони ин минтақа ба гурӯҳҳои террористӣ ва ифротӣ ибрози нигаронӣ кард.
Вай таъкид кардааст, ки дар ҳоли ҳозир 507 нафар аз сокинони вилояти Хатлон, аз ҷумла аъзои 70 хонавода, ки шомили 84 мард, 76 зан ва 92 кӯдаки ноболиғ мешаванд, дар даргириҳои Сурия ва Ироқ ҳузур доранд , ки 60 тан аз ин афрод дар ин хушунатҳо кушта шудаанд. Ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон теъдоди аз ҳама бештари афроде , ки дар таркиби гурӯҳҳои террористӣ дар Сурия ва Ироқ аз вилояти Хатлон ҳузур доранд, сокинони ноҳияҳои Ҷалолиддини Балхӣ, Бохтар, Вахш, Восеъ, Қубодиён, Шаҳритус, Кӯлоб, Фархор, Ҳамадонӣ ва шаҳри Қӯрғонтеппа мебошанд.
Раисиҷумҳури Тоҷикистон дар суханронии хеш дар ин нишаст таъкид кардааст, ки аз 1 ҳазору 519 нафар аз сокинони вилояти Хатлон, ки дар марокизи омӯзишҳои мазҳабии ғайримуҷози кишварҳои хориҷӣ ҳузур доштанд, ки 1 ҳазору 334 нафар ба Тоҷикистон бозгашт дода шуданд. Аммо 185 нафар аз сокинони вилояти Хатлон ҳануз ҳам дар марокизи омӯзишҳои мазҳабии ғайри муҷози кишварҳои хориҷӣ ҳузур доранд. Вай дар бахши дигаре аз суханонаш бо маҳкум кардани сиёсисозии Ислом, аз занон ва духтароне, ки ба тақлид аз фарҳанги бархе кишварҳои бегона либос мепӯшанд, ба шиддат интиқод кардааст.