Май 13, 2017 21:12 Asia/Dushanbe
  • Сафари раисҷумҳури Доғистони Русия ба Тоҷикистон

Руасои ҷумҳурии Тоҷикистону ҷумҳурии худмухтори Доғистони Русия дар шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон бо якдигар дидор ва дар бораи роҳҳои густариши ҳамкории дутараф гуфтугӯ карданд.

Рамазон Абдуллатифов, раисҷумҳури Доғистони Русия, ки барои сафаре расмии 3 рӯза ба Тоҷикистон сафар карда буд ва рӯзи гузашта ин кишварро тарк кард, дар нишасте бо раисҷумҳури Тоҷикистон бар зарурати таҳким ва тавсеаи равобити дутараф таъкид ва ин муносиботро барои тарафайн арзишманд тавсиф кард .

Дар ин дидор, тарафайн ҳамчунин бо ишора бар зарурати густариши равобити тиҷорӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва башардӯстона, бар имкони мушорикати Доғистон дар тарҳҳои тавсеаи санъат, энержӣ, ҳамлу нақл ва иртиботот ва кишоварзии Тоҷикистон таъкид карданд. Ҳамчунин таҳкими ҳамкории дутараф дар арсаи фарҳангу омӯзиш, табодули омӯзгорони забони русӣ, дастрасӣ ба кутуби омӯзишӣ ва кумак ба тавсеаи санъати гардишгарӣ ва низ рушди зерсохтҳои туристии дутараф аз дигар меҳварҳои гуфтугӯи руасои ҷумҳурии Тоҷикистону ҷумҳурии худмухтори Доғистони Русия буд .

Дидори Абдуллатифов аз Тоҷикистон гуёи ин воқеият аст, ки Маскав дар як тақсими кори эъломнашуда, ба бозтаърифи навъи равобити Русия ва ҷумҳуриҳои худмухтори худ дар сутуҳ ва бахшҳои мухталифи сиёсӣ/иқтисодӣ/амниятӣ ва низомӣ ва дифоӣ бо ҷумҳуриҳои ҷомеаи мустақили Муштаракулманофеъ пардохтааст. Аз ин рӯ, агар тайфи муносиботи Маскав бо Душанбе ва дигар давлатҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ дар бахши низомӣ/сиёсӣ ва байналмилалӣ таъриф мешавад, аммо Маскав бо нимнигоҳе ба зарурати тавсеаи иқтисоди Русия ва низ кумак ба иқтисоди ҷумҳуриҳои мустақилу худмухтори худ бахшҳое аз ҳамкории иқтисодии миёни Русия бо ҷумҳуриҳои мустақили Муштаракулманофеъро ба ҷумҳуриҳои худмухтори худ вогузор кардааст.

Ба бовари нозирони сиёсӣ, ин тафкик ва тақсими эъломнашудаи нақши Маскав бо дигар ҷумҳуриҳои худмухтори Русия, ин имконро барои ин ҷумҳуриҳо фароҳам меоварад, ки зимни вуруд ба муносиботи таърифшуда бо бозигарони ҷомеаи мустақили Муштаракулманофеъ аз бори ҳазинаҳои иқтисодии ношӣ аз муносиботи Маскав бо ҷумҳурии мустақил назири Тоҷикистон бикоҳанд. Эътои истиқлоли амал ба ҷумҳуриҳои худмухтор ва костан аз таваққуоти ин ҷумҳуриҳо аз Маскав, барои посух ба ниёзҳои иқтисодии онҳо низ аз аҳдофи ҳаддиақалии иҷроии ин тарҳ аз сӯи Русия аст.

Аз тарафе, раҳбарони ҷумҳуриҳои ҷомеаи мустақили Муштаракулманофеъ дар паи он ҳастанд, ки бо иштиёқи эҷодшуда назди ҷумҳуриҳои худмухтори Русия барои тақвияти вазъи иқтисодии худ ва аз раҳгузари таҳкими муносибот, бо суръати бештаре гомҳои тақвияти бунияи иқтисодии худро бардоранд. Ҳарчанд, ки дар ин миён бархе ниёзҳо ва мулоҳизоти дохилии ҷумҳуриҳои мустақили Муштаракулманофеъ дар таърифи муносиботи ин кишварҳо бо ҷумҳуриҳои худмухторро набояд нодида гирифт .

Аз сӯи дигар ба назар мерасад, Тоҷикистон бо баррасии стратегияи равобити хориҷии гузаштаи худ, дар паи бозтаърифи наҳваи таомули Душанбе бо дунёи перомунӣ ва хориҷ аст. Бавижа, ки токунун равияи сиёсати хориҷии ин кишвар дар ҳамкории мустақим бо Русия/давлатҳои ғарбӣ ва кишварҳои шарқи Осиё, камтар посухгуи ниёзҳои иқтисодӣ/амниятӣ ва ҳатто низомии ин кишвар будааст. Ҳарчанд, ки наметавон ин мавзуъро нодида гирифт, ки токунун шароити байналмилалии ҳоким бар муҳити байналмилалӣ нақши таъинкунандае дар рафтори сиёсати хориҷии Тоҷикистон ва дигар ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ доштааст .

Аз ин рӯ ба назар мерасад, мақомоти Тоҷикистон сарфи назар аз ҳамкориҳои сиёсӣ ва низомӣ бо Маскав, роҳкори таъмини ниёзҳои иқтисодӣ ва тақвияти бунияи молӣ ва иқтисодии кишварро дар ҳамкорӣ бо ҷумҳуриҳои худмухтори Русия аз ҷумла ҷумҳурии худмухтори Доғистон ҷустуҷу мекунанд .