Таъхири себора дар замони баҳрабардории марҳалаи нахусти полоишгоҳи Данғара
Камбуди манобеи молӣ ва авомили фаннӣ замони баҳрабардорӣ аз марҳалаи нахусти полоишгоҳи нафти Тоҷикистон дар минтақаи озоди иқтисодии Данғараро барои бори сеюм ба таъхир андохтааст.
Ба иттилои сомонаи мудирияти минтақаи озоди иқтисодии Данғара, бар асоси барномаи дуҷониба миёни Тоҷикистону Чин қарор буд, марҳалаи нахусти полоишгоҳи нафт дар минтақаи озоди иқтисодии Данғара дар моҳи августи соли 2016 тавлиди фаровардаҳои нафтиро оғоз кунад, бо ин ҳол ба далели камбуди манобеи молӣ ва таъхир дар интиқоли таҷҳизот, ширкати чинии муҷрии ин тарҳ эълом кард, ки фазаи нахусти ин полоишгоҳ дар моҳи марти имсол ба баҳрабардорӣ хоҳад расид.
Ин дар ҳолест, ки акнун мудирияти минтақаи озоди иқтисодии Данғара, авохири моҳи июнро замони баҳрабардорӣ аз марҳалаи нахусти ин полоишгоҳ таъин кардааст .
Созишномаи сохти ин полоишгоҳ дар соли 2014 миёни давлати Тоҷикистону ширкатҳои чинӣ ба имзо расида буд .
Бар асоси ин созишнома, бо баҳрабардорӣ аз фазаи нахусти ин корхона имкони тасфияи 500 ҳазор тонна нафти хом дар сол фароҳам мешавад .
Дар сурати фаъолияти фазаи дуввуми полоишгоҳи нафт дар минтақаи озоди иқтисодии Данғара, зарфияти тасфияи як миллиону 200 ҳазор тонна нафти хом дар сол муҳаё мешавад .
Полоишгоҳи нафти Данғара нахустин корхонаи тасфияи нафти хом дар Тоҷикистон аст ва ҳазинаи сохти он 450 миллион доллар эълом шудааст, ки тарафи чинӣ ин манобеи молиро таъмин хоҳад кард .